Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа

04.02.2015 14:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни баррасии масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои он изҳори қаноат карда шуд.

Бо баҳодиҳии мусбӣ ба рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна ба назар мерасад, ҳамзамон таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоию иқтисодӣ чораҳои муассири зиддибӯҳронӣ пешбинӣ мешаванд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон барои то соли 2015 ва муайян намудани афзалиятҳои асосии пешрафт барои давраи то соли 2030 сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 185,1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои имтиёзии Бонки Ҷаҳонӣ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд ва дар 6 моҳи аввали соли 2015 боз 100 миллион доллари амрикоӣ грант ва қарзи имтиёзӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳо ҷудо карда мешавад.

Сароҷ Кумар Ҷҳа изҳор дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ минбаъд низ аз рушди босуботи Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.








facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520