Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа намудани Президент ба хонаводаи кӯдакони чоргоник

05.02.2015 11:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кардааст, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

Кӯдакони чоргоники модари 26-сола Гулшан Маҷнунова, ки яке писар ва сеи дигар духтар мебошанд, дар таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадаанд. Хабари ҷудо шудани хонаи сеҳуҷрагӣ ва мавриди ғамхорӣ қарор додани ин оила ба Гулшан Маҷнунова аз ҷониби муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ва дигар шахсони расмӣ, ки ба табрики ӯ омаданд, расонда шуд.

Ин модари ҷавон ва аҳли хонаводааш пеш аз ҳама аз сиҳату саломат таваллуд шудани чор кӯдак ва албатта аз чунин туҳфаи саховатмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, яъне хонаи сеҳуҷрагӣ басо шоду мамнун шудаанд. Падари Гулшан Аҳлиддин Маҷнунов низ аз таваллуди наберагони чоргоник ва ғамхории Президенти кишвар хушҳолу сипосгузор аст ва ба рӯзи эълони Соли оила рост омадани таваллуди ин кӯдакони дӯстрӯякро фоли наку меномад.

Ба гуфти табибони таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадани чоргоникҳо ва ба хусус солиму бардам таваллуд шудани онҳо падидаи нодир аст. Онҳо басо хурсанданд, ки таваллуди чоргоникҳо ва он ҳам дар рӯзи Соли оила эълон шудани соли 2015 ба ин таваллудхона насиб гардидааст.

Тавре иттилоъ доданд, барои солиму бардам ба дунё омадани ин кӯдакон модари онҳо тайи қариб ду моҳ дар ҳамин таваллудхона таҳти назорати табибони ботаҷриба қарор доштааст, зеро вазни умумии чор кӯдак ба ҳангоми таваллуд ба 7,9 кг баробар будааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520