Ҳикматуллозода Неъматулло
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳикматуллозода Неъматулло 7 майи соли 1969 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Москва ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1986-1987 аз техники шуъбаи меллиоратсия ва обтаъминкунии замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрозем»-и Кумитаи давлатии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд ба сифати эксперти корхонаи хурди «Ориё»-и Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷиквнешторг», мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассис, сардори шуъбаи иқтисодии Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ шуда фаъолият намудааст.
Аз ноябри соли 2012 инҷониб ба ҳайси муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2009 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2015 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.