Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши Кодеро

10.02.2015 14:04, шаҳри Душанбе

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини роҳбари Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ Киёши КОДЕРО-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба ва байналмилалии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония ва Агентии ин кишвар оид ба рушди байналмилалӣ барои кумаку дастгирии пайваста аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон арзи сипос кард ва изҳори бовар намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Зикр гардид, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Япония ба Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари америкоӣ грант ва 60 миллион доллари америкоӣ кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳимми сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. Ҳоло чандин лоиҳаҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди ноҳияҳои дурдаст, аз ҷумла бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, амалӣ мешаванд.

Соли гузашта ду лоиҳаи нав оид ба обтаъминкунии аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ва барои беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.

Тавассути ҳамкории босамар дар соҳаи маориф аз соли 1993 то ба имрӯз беш аз 1800 намояндаи Тоҷикистон бо курсҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония фаро гирифта шудаанд.

Киёши КОДЕРО таъкид дошт, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ оянда ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро беш аз пеш рушду густариш медиҳад, ба хусус барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе давлатҳо, ки шариконии муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520