Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Директори
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза
бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Наими А.Қ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Наими Аламхони Қодириён муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
26 феврали соли 2015
№371

 

Наими Аламхони Қодириён
Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наими Аламхони Қодириён соли 1967 дар ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстил»и- шаҳри Душанбе оғоз карда, минбаъд муҳосиби РТО-и «Продтовары», бригадири калони ширкати «Нафиса» дар шаҳри Душанбе, Муҳосиб тафтишотчии Идораи тафтишотии назоратии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мутахассис, мутахассиси пешбар, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи банақшагирии хароҷотҳои соҳаи иҷтимоӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи идоракунии буҷетҳои маориф, илм ва фарҳанги Раёсати буҷетҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, муовини сардори Департементи буҷети давлатӣ, Муовини сардори Департамент - Сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Департаменти буҷети давлатӣ, Муовини сардори Сарраёсат - сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз декабри соли 2013 то феврали соли 2015 дар вазифаи Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 ба вазифаи Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520