Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Прокурори генералӣ –
Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Мирзозода С.Р.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Мирзозода Сафаралӣ Раҳим муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 марти соли 2015
№387

 

Мирзозода Сафаралӣ Раҳим
Муовини Прокурори генералӣ - Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзозода Сафаралӣ Раҳим соли 1968 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 20 сол собиқаи кории касбӣ дорад. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе, прокурори ҳарбии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиш, муфаттиши калони шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ҳарбии гарнизони Суғд кор кардааст.

Аз моҳи майи соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини аввали прокурори шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520