Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид

11.03.2015 10:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмидро, ки барои иштирок дар Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат аз ҷумла изҳор дошт: “Итиҳоди Аврупо дар минтақаи аз назари геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалии муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики муътамад ва стратегии худро бубинад”.

Ҳелга Мария Шмид дар навбати худ ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва мусоидаташ ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон баҳои баланд дод.

Бо назардоштии вобастагии амну суботи минтақа бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз ҷумла таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштан ва таҳкими эътидоли сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои ба рушди ҳамаҷонибаи минтақа нигарондашуда ҷаҳду талош кард.

Ҳелга Мария Шмид омодагии Иттиҳоди Аврупоро ба мусоидати бештар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа барои таҳкими амну субот аз тариқи дастгирии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъйид кард.

Изҳори бовар карда шуд, ки доира ва самтҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо минбаъд беш аз пеш густариш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520