Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа

13.03.2015 16:48, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвари мо ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд ва олии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, зоҳир гардид.

Рафти татбиқи амалии қарорҳои қаблан дар сатҳи олӣ қабулшуда, аз ҷумла доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва тақвияти имконоти техникӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Николай Бордюжа ба Сарвари давлати Тоҷикистон, Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷараёни корҳо гузориш дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад.

Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои сиёсию иҷтимоӣ ва амниятӣ дар минтақаҳои доғи олам ва роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520