Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси

20.03.2015 15:32

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Тунис Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Бо андуҳи бузург хабари таассуфангези амали террористии мудҳишро дар осорхонаи «Бардо»-и кишвар, ки боиси шаҳодати зиёда аз бист нафар сайёҳони хориҷию шаҳрвандони Тунис ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам. Ин ҳодисаи фоҷиабор зарурати идомаи муборизаи муташшакилу беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Тунис, аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзумандем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520