Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асос гузоштан ба бунёди шаҳри нав, ки Сайҳун номгузорӣ мешавад

24.03.2015 12:42, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нақшаи шаҳри нав дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, ба бунёди он асос гузошт ва пешниҳод намуд, ки он Сайҳун номида шавад.

Бояд таъкид намуд, ки оғоз бахшидан ба сохтмони шаҳри нав дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад ва ин бозгӯй аз баромадани кишвар ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ мебошад.

Ин тадбири калонмиқёс бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дар идомаи сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу  шароити муосири зиндагӣ ва зербинои кору фаъолияти босамар нигаронда шудааст.

Тавре зикр гардид, солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Қайроққум, Чкалов ва Мастчоҳ хеле афзуда, шумораашон ба зиёда аз 700 000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишн, аз ҷумла бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст.

Санги асоси нахустин биноҳои истиқоматӣ, ки аз 9 ва 12 ошёна иборат хоҳанд буд, дар мавзеи бунёди ин шаҳри нав аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Дар шаҳри Сайҳун 19 қасаба ё худ микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд.

Ин мавзеи фарох дорои 14 000 га заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1000 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд.

 Барои бунёди ин шаҳр ва обёрию ободонии он се пойгоҳи обкашӣ сохта ба кор дароварда мешавад. Оби ҷонбахш аз ду тои онҳо, ки аллакай омада шудаанд,  имрӯз бо дасти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин заминҳои ташналаб сар дода шуд.

Дар 1000 гектар заминҳои атрофи шаҳри Сайҳун боғҳои интенсивии зардолую сияҳолу ва шафтолую бодом, ки меваҳои содиротӣ ба шумор мераванд, бунёд карда мешавад. Обёрию ободонии ин мавзеъ дар се марҳила сурат гирифта, маҷмӯан дар 7000 гектари он боғҳои интенсивии содиротӣ қомат хоҳанд афрохт. То имрӯз аллакай дар зиёда аз 100 гектари ин мавзеъ боғҳои нав бунёд ёфтаанд.

Новобаста ба он, ки Тоҷикистон кишвари болооб буда, захираҳои фаровонӣ обӣ дорад, ба хотири сарфаю сарфаҷӯӣ ва пешгирӣ аз исрофи ин неъмати волои табиати биҳиштосои кишварамон, аксари боғу токзор ба тариқи қатрагин об дода мешаванд.

Ба иттилои мутахассисон, ин усули кор имкон медиҳад, ки харҷи об дар фаъолияти боғутокпарварӣ 7 баробар кам шавад.

Ин усул ҳамчунин ба сарфаи нуриҳои минералӣ мусоидат карда, заминро аз шусташавӣ ва эрозия низ нигоҳ медорад.

Ба соли 2015 рост омадани ин иқдом басо рамзӣ аст, зеро имсол даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, эълон гардида буд, ҷамъбаст мешавад ва яке аз конфронсҳои байналмилалӣ доир ба натиҷаҳои ин амалиёт дар тобистони соли равон бо иштироки намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Обёрию ободонии ин мавзеи фарохи хушку холӣ дар асоси супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ҳадафҳои асосии он азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ, муҳайё намудани беш аз 50 ҳазор ҷойи нави корӣ ва коҳиш додани муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар аст.

Ҳоло танҳо дар корҳои роҳсозӣ, чароғонкунӣ ва бунёди дигар зербинои заминӣ беш аз 320 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Аз худ намудани ин миқдор заминҳои бекорхобида омили муҳими амалишавиии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории кишвар мегардад. Тавассути амалӣ шудани ин тадбир ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд соҳиби хонаю манзил, замини корам ва боғу токзор шуда, бо кори доимӣ ва даромади хуб таъмин мешаванд.

Ин мавзеъ бо назардошти вазъи иқлим ва мавқеи ҷуғрофӣ, ки дар масофаи 9 км аз шаҳри Хуҷанд ба самти шимолу ғарб ҷойгир аст, барои бунёди шаҳри нав ва боғҳои интенсивӣ басо мувофиқу мусоид аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми соҳибкору сарватманд ва дигар аҳолии ташаббускор даъват намуд, ки дар бунёди шаҳри Сайҳун, боғу токзори атрофи он, корхонаю муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ фаъол бошанд, то ки ҳам худ манфиат бардоранд ва ҳам барои дигарон ҷойҳои корӣ муҳайё созанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520