Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел

25.03.2015 16:59, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар қаламрави Фаронса ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон аз кишвари Шумо моро сахт андӯҳгин кард.

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Олмон баён намуда, хоҳишмандам тасаллиёти самимии моро ба наздикон ва пайвандони фавтидагон лутфан бирасонед”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520