Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошии Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Тоҷикистон

01.04.2015 17:49

Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст
Бо арзи дуруду паём...

Бо сипоси беандоза номаи ҳуҷастаи Шуморо, ки зимни он моро ба муносибати 20 солагии барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намудед, қабул кардам.

Бо изҳори ташаккури самимӣ ба Шумо барои таманниёти некатон мо низ Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба ин муносибати фархунда табрику таҳният мегӯем ва ҳамзамон аз муносибатҳои неки дуҷонибаи ду кишвари дӯст, ки онро рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиву қадршиносиву эҳтироми мутақобила фарогир аст, меболем. Мо талоши бардавом ва муштараки худро баҳри таҳкими ин равобит ва тавсеаи зарфиятҳои ҳамкории муштарак байни ду кишвар ба самтҳои фарохтар, ки дар хидмати манфиатҳои мутақобила хоҳад буд, таъкид менамоем.

Бо беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, камоли сиҳҳатмандиву хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии комил ва ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстамон густаришу нумӯи беш аз пешро орзумандем.

Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520