ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Рӯдакӣ озод намудани
Тағозода С.И.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Тағозода Саидмурод Иброҳим бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
9 апрели соли 2015
№440