Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи филиали МИСиС дар шаҳри Душанбе

17.04.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин филиали дуюмин муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Русия аст, ки дар Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологӣ дар заминаи Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав таъсис ёфта, дорои шуҳрати ҷаҳонӣ мебошад ва яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Русия ба шумор меравад.

Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ, ҳамчунин Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия, Роҳбари агентии федералӣ доир ба ҳамкории гуманитарӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Константин Косачев, Ректори Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС Дмитрий Ливанов ва масъулони соҳаҳои маориф ва саноату энергетикаи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълимии дар ин бинои 6 – ошёна муҳайёгашта, аз ҷумла зикр гардид, ки соли равон барои таҳсил дар ин филиал аллакай то 500-600 нафар донишҷӯён барои таҳсил қабул карда мешаванд. Тибқи нақшаи дурнамо шумораи донишҷӯён дар ин ҷо бояд то ба ҳазор нафар расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таъмини фаъолияти бемонеа ва босамари ин муассисаи таълимӣ дар муддати кӯтоҳ як бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи муосир низ омода карда шавад.

Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд дар ин ҷо натанҳо донишҷӯён аз Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ таҳсили илм хоҳанд кард, зеро заминаи моддию техникии таълимии он аллакай ба пешқадамтарин шароити ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст ва минбаъд боз ҳам такмил хоҳад ёфт. Таъкид гардид, ки парки техникии филиал ҳарчи зудтар омода карда шавад ва аз пойгоҳи Корхонаи саноатии Тоҷиктекстилмаш низ васеъ истифода карда шавад.

Ҳоло ин бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои компютерӣ, лингофонӣ, озмоишгоҳҳои гуногуни кимиёӣ, физикӣ ва физикию кимиёӣ, китобхонаи электронии пайваст ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва дигар шароити муосир буда, барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои энергетика, саноат, металлургия, геология, кӯҳкорӣ ва ғайра омода аст.

Барои таълими босифати донишҷӯён беҳтарин омӯзгорон аз Тоҷикистону Русия ҷалб карда мешаванд. Барои ин ҳамчунин шароити зарурии техникӣ барои таҳсили фосилавӣ низ муҳайё аст. Бо истифода аз ин таҷҳизот омӯзгорон аз Маскав истода ба донишҷӯёни тоҷик дарс медиҳанд.

Пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ташкили таҷрибаомӯзии тобистонаи донишҷӯёни тоҷик дар парки техникии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Маскав хуб пазируфта шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ифтитоҳи Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе ҳозирин ва мардуми ҷумҳуриро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфта, дурнамои ҳамкории фарҳангӣ ва илмию маърифатии Тоҷикистону Русияро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон, ҳамчунин филиали Донишкадаи энергетикии Маскав ифтитоҳ меёбад.

Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия, Роҳбари агентии федералӣ доир ба ҳамкории гуманитарӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Константин Косачев ва Ректори Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС Дмитрий Ливанов зимни суханронии худ аз робитаи 80 – солаи ин муассисаи таълимӣ бо Тоҷикистон ва ҳазорон таҳсилкардаи тоҷики он ёдовар шуда, изҳори боварӣ карданд, ки филиали душанбегии МИСиС минбаъд натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли кишварҳои минтақа хизмат хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520