Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон

25.03.2012 16:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯзи 25 март шаҳри Душанбе макони баргузории нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон гардид.

Дар ин мулоқот, ки таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, ҳамгироиҳои муштараки амниятӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фановарӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба болоравии нақши чаҳор кишвар дар минтақа, ҷаҳони ислом ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани равобити судманди чорҷонибаи миёни онҳоро амри зарурӣ номид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бояд барои бунёди шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ ва роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талоши фаъол дошта бошанд.

Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ба он ниёздори минтақа дорои суди беандоза маънидод гардид.
Ба сатҳи нав баровардани корҳо барои имконсанҷӣ ва бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва пайвастани он бо шабакаҳои марбутаи Эрону Покистон низ зарур шумурда шуд.

Сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро доир ба таъсиси Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона дастгирӣ намуда, ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520