Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012

25.03.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Афғонистону Покистону Эрон ва дигар меҳмонони олимақом дар ифтитоҳи Конфронси байналмилалии Наврӯз-2012, ки дар Кохи Сомони бустонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақом –Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардориро як-як истиқбол гирифта, ба тамошои намоишгоҳи наврӯзӣ даъват намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, намоишгоҳи наврӯзӣ, тибқи анъанаҳои бостонии ниёгон, аз нишонҳои пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармию нармӣ бар сардию тундӣ, рамзҳои покию озодагӣ, хонҳои густурдаи ҳафт сину ҳафт шин, падидаҳои баҳори нозанин, оғози бедоршавии табиати зинда, мавсими кишт ва корҳои дигари саҳроӣ, эҳёи тозаи рӯҳи эҷодкории аҳли илму фарҳанг иборат аст. Дар ин намоишгоҳи дилкаш кишоварзон ва аҳли фарҳанги кишвар маҳсули ҳунарҳои зебо ва эҷодиёти худро пешкаши сарони давлатҳо ва дигар иштирокдорони воломақоми конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 гардонданд.

Кори конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 бо аксгирии умумии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва роҳбарони ҳайатҳои расмии дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавии сершумор оғоз ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 роҳбарон ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ба пойтахти Наврӯзи ҷаҳонӣ-шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.

Дар ифтитоҳи конфронси байналмилалии Наврӯз-2012 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Намояндаи хоси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон Ян Кубиш ва намояндагони воломақоми як қатор давлатҳои дигар суханронӣ намуда, бо ифтихору сарфарозии бепоён аз ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонӣ мардуми кулли кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯзи оламафрӯзро табрику таҳният гуфтанд.

Баёнияи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 ба тасвиб расид.

Бо даъвати расмии Президенти Туркманистон қарор карда шуд, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз-2013 соли оянда дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Ашхобод таҷлил карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520