Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ

08.05.2015 19:05, Русия

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм вориди шаҳри Маскави Федератсияи Русия шуд.

Худи ҳамин рӯз дар қасри Кремл мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмӣ сарони давлатҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба ҳам омаданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҷлили шоиста аз пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ дар кишварҳои иттиҳод ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонию фидокориҳои мардумони ин қаламрав дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон пирӯзӣ бар фашизми гитлериро дастоварди таърихии мардумони ҳамаи кишварҳои мо ва чаҳорчӯби ИДМ-ро аз беҳтарин майдонҳои муколама миёни кишварҳои иштирокдори ин иттиҳод номида, изҳори бовар кард, ки ин созмон оянда ҳам идомабахши арзандаи анъанаҳои накуи кумаку дастгирии байниҳамдигарӣ хоҳад буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон пагоҳ дар майдони Сурхи шаҳри Маскав ҳамроҳи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои қариб 30 кишвари ҷаҳон ҷараёни Паради ҳарбии бахшида ба солгарди 70-ум аз Ғалабаи бузург бар фашизми гитлериро мушоҳида хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520