Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

352 корманди сохторҳои қудратӣ соҳиби хона шуданд

16.03.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзӣ оламофрӯз бо ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.

Дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калидҳоро ба қисмате аз соҳибони хуштолеи ин хонаҳо тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди пурфараҳ дар рӯзгори оилавиашон табрику таҳният гуфт.

Тавре зикр гардид, дар ин ҷо 352 корманди сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашаовар ва ғайра соҳиби хонаҳои якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагию сеҳуҷрагӣ шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва корҳои ороишу таҷҳизи биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла хонаҳои васею барҳавои онҳо, баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин тарзи кор ривоҷ дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо ҷамъи соҳибони хонаҳои нав аз сохторҳои номбурда аз ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ва муҳимтар аз ҳама ба муомилаю муносибати хуб бо мардум ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520