Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

16.02.2012 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омўзиши низоми таъини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақа баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таъмини адолати иҷтимоӣ дар ин соҳа аз вазифаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад.

Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки вазъи ин соҳаро мавриди санҷишу омўзиш қарор диҳанд ва барои ислоҳи ҳолатҳои номатлуб чораҳои мушаххас андешида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520