Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин

03.06.2015 18:35, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Дар Тоҷикистон хабари садамаи киштии мусофиркашро дар дарёи Янтсзии вилояти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бар асари он одамон ҳалок гардидаанд, бо андӯҳи гарон қабул карданд.

Дар ин лаҳзаи пурандӯҳ аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорам ба наздикон ва хешовандони қурбоншудагон тасаллияти амиқ ва эҳсоси ҳамдардӣ, инчунин ба тамоми зарардидагон орзуи сиҳатмандии комили моро расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520