Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

08.06.2015 10:44, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари шумо алоқамандии хос дорем”.

Доктор Абдулло Абдулло ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоботи президентии кишвараш ва ба мақоми Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расиданаш мебошад, ки ба Тоҷикистон рост омадааст.

Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, ки иборат аз қариб 80 санад мебошад, изҳори қаноат карда шуд.

Фаъол гардидани хатти барқии 220 – киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар ва нақшаҳои калонмиқёси минтақавӣ доир ба кашидани хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаҳои возеҳи густариши робитаҳои судбахши ду давлати ҳамсоя номида шуд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба кашидани лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон, сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар нақшаҳои ояндаи минтақавӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки сохторҳои масъули Тоҷикистону Афғонистон бояд дар татбиқи босуръат ва босифати ин нақшаю тадбирҳо бештар фаъол бошанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид.

Масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин рӯзномаи масоили ҷаҳонии вобаста ба даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт"низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520