Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиён

08.06.2015 11:07, шаҳри Душанбе

Нимаи аввали рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиёнро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҷодаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар ҳамкории бунёдӣ мақоми асосӣ пайдо кардааст”. Тазаккур дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти босамар доранд. Мубодилаи молу колои миёни Тоҷикистону Эрон соли 2014 зиёда аз 228 миллион долларро ташкил дод, ки ин баробар ба 4,3% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин сол аст.

Бо қаноат зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои бунёдии энергетика ва тавлиди зербинои нақлиётӣ – дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ-ҷанбаи муҳимтарини муносиботи ду кишвар аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи муштараки сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ҷониби Эрон дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ҳам саҳмгузор хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба густариши робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан ва кашидани хатти барқии баландшиддат ва лӯлаи оби ошомиданӣ миёни се кишвар, зоҳир гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520