Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтар

08.06.2015 18:13, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону СММ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо арзи сипос намуд.

Бо қаноат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии ин комиссияро дар соли 2015 бар уҳда дорад ва чорабиниҳои солонаи онро дар сатҳи баланд амалӣ менамояд.

Атрофи рӯзномаи конфронси Душанбе роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015” табодули назар карда шуд. Ба нақши Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором минбаъд ҳам аз пешрафти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таъмини дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва, умуман, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дастгирӣ хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520