Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азиззода Зафар Нусрат
Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азиззода Зафар Нусрат, 2 феврали соли 1965 дар шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, дорои таҳсилоти олӣ мебошад.

Солҳои 1983-1985 хизмати ҳарбиро дар шаҳри Наро-Фомински Округи ҳарбии Москва адо намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро солҳои 1985-1986 дар Бюрои инвентаризатсионии техникии шаҳри Орҷоникидзеобод ба сифати шогирд ва техник инвентаризатор, 1986-1988 дар Бюрои бо кортаъминкунӣ ва ахбори аҳолии шаҳри Орҷоникидзеобод дар вазифаи сарнозир, 1988-1993 котиби маҷлиси судӣ, иҷрочии суди халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод, мутахассиси пешбари Раёсати ташкилию таъмини кори судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст.

Аз соли 1986 то соли 1992 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос гардидааст.

Давоми солҳои 1993-2000 дар вазифаи судяи суди халқии шаҳри Кофарниҳон, 2000-2008 судя, котиби Пленум, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ, 2008-2010 муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2010-2015 раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи майи соли 2015 ба мансаби Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дараҷаи олии тахассусии судягӣ, мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» ва медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520