Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015

09.06.2015 10:40, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Сарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳо!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Пан Ги Мун!
Иштирокдорони гиромии конфронс!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, ҳар яки шуморо дар сарзамини меҳмондӯсти тоҷик хайра мақдам мегӯям ва барои иштирокатон дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015 изҳори сипос менамоям.

Даҳ сол қабл Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Даҳсолаи байналмилалӣ ҳусни оғоз бахшида буд.

Ғояи Даҳсола, ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардида буд, бо дарназардошти аҳаммияти хоси об ҳамчун захираи стратегӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ амиқ дарк гардидани моҳияти афзояндаи масъалаҳои об миёни кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории комил ёфт.

Имрӯз, ки мо дар марҳалаи анҷоми ин Даҳсолаи муҳим қарор дорем, зарурати ҷамъбасти корҳои иҷрошуда, баррасӣ ва муайян кардани тадбирҳои минбаъда оид ба таъмин намудани рушди устувори захираҳои об пеш омадааст.

Сатҳи иштирок дар Конфронси имрӯза аз манфиатдории зиёди ҳукуматҳо, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин ташкилотҳои кӯдакону занон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Иштирокдорони муҳтарами конфронс!

Ҳадафи асосии эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» мусоидат ба саъю талоши ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири то соли 2015 иҷро намудани уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба захираҳои об буд.

Тайи солҳои сипаришудаи ин Даҳсола маҳз ба шарофати дидгоҳу бардоштҳои нав ва амалиёти ҳамоҳангшуда доир ба татбиқи амалии ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ муайяншудаи соҳаи об, аз ҷумла дар самти дастёбӣ ба Ҳадафҳои марбутаи Рушди Ҳазорсола (ду баробар кам кардани теъдоди одамоне, ки ба оби безарари нӯшокӣ ва воситаҳои асосии санитарӣ дастрасӣ доранд) пешрафти назаррасу муассир ҳосил гардид.

Имрӯз раванди амалисозии тадриҷии ибтикороти эълоншуда равшану возеҳ ба мушоҳида мерасад, ҳамгироии масъалаи об бо барномаву нақшаҳои рушд сурат мегирад, муттаҳидии ҳарчи бештари саъю талоши ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муштарак оид ба об ба вуқӯъ мепайвандад.

Аммо олами муосир ва зудтағйирёбанда моро ҳамоно бо таҳдиду хатарҳои наве дучор мегардонад, ки, онҳо мутаассифона, таваҷҷуҳи моро аз масири асосии ҷаҳду талош дур месозанд. Вазъи баамаломада захираҳои бузург, сарфи вақт ва саъю кӯшишро ҷиҳати пешгирии онҳо ва муқовимат ба ин таҳдиду хатарҳо тақозо мекунад.

Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, дигар таҳдиду хатарҳои муосир аз бисёр ҷиҳат ба комилан амалӣ гаштани ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалӣ монеъ шуданд.

Ин аст, ки дар рӯзномаи глобалии муосир масъалаи об, чун пештара, аз ҷумлаи масъалаҳои хеле мубрам боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки дар ҷодаи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба оби нӯшокӣ натиҷаҳои ҷиддӣ ба даст омадаанд, вале ҳадафҳо дар самти беҳдоштӣ иҷро нашудаанд.

Дараҷаи аз ҳамдигар фарқкунандаи татбиқи ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, қишрҳои сарватманд ва камбизоати аҳолӣ то ба ҳол боиси нигаронӣ мебошад.

Аз рӯи баъзе маълумот, ҳанӯз тақрибан 750 миллион одамон дар ҷаҳон ба оби тозаи нӯшокӣ ва дуюним миллиард нафар ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион одамон бо нерӯи барқ таъмин нестанд. Офатҳои табиии марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагии зиёда аз як миллиарду дусад миллион одам дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд.

Тағйири глобалии иқлим ва вазъи демографӣ ба ин равандҳо, бешубҳа, таъсири зиёд мерасонад. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Интизор меравад, ки бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.

Чунин вазъ аз мо ҷаҳду талоши ҳарчи бештар муттаҳидона ва андешидани ҳам тадбирҳои оҷил ва ҳам чораҳои дарозмуҳлатро тақозо мекунад. Маҳз ба ҳамин мақсад дар чаҳорчӯбаи Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об ман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нави Тоҷикистонро иброз намудам.

Ва имрӯз бори дигар мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба ин ташаббус ҷалб карда, пешниҳод намоям, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шавад, зеро он, ба андешаи мо, бояд василаи муҳимми мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад.

Итминон дорам, ки Даҳсолаи нав дастовардҳои Даҳсолаи қаблии «Об барои ҳаёт»-ро таҳким бахшида, ҷиҳати мутамарказ гардидани саъю талоши мо оид ба ҳаллу фасли минбаъдаи масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015-ум заминаи хубе фароҳам месозад.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои об бойтарин кишвар аст. Ҳар сол дар қаламрави кишвар 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки ин тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар бо об таваҷҷуҳи бузург зоҳир менамояд.

Дар тӯли Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои вобаста ба об аз сарчашмаҳои гуногун тақрибан як миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби нӯшокӣ як миллиарду 51 миллион доллари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 262 миллион доллари амрикоӣ ва барои анҷом додани дигар лоиҳаҳои ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 335 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шуд. Дар ин давра дар кишвари мо якуним миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кард.

 

Бо вуҷуди ин, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мемонад, зеро сарфи назар аз дастовардҳои назарраси даҳсолаи охир, дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари таъминот бо об иҷрои вазифаи мазкур аз нақшаҳои мавҷуда хеле ақиб мондааст.

Унсури муҳимтарини таркибии иқтисоди Тоҷикистон гидроэнергетика буда, он манбаи асосии нерӯи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди кишвар аст. 98 фоизи нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Ба иллати мушкилоту монеаҳои гуногун Тоҷикистон фақат таҷрибан 4 фоизи имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии худро истифода мекунад ва аҳолии кишвар ҳарсола то шаш моҳ дар фасли сармо бо камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мегардад.

Чунин вазъ, ки дар шароити оғози асри XXI-ум умуман қобили қабул буда наметавонад, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва дастёбӣ ба ҳамаи ҳадафҳои арсаи рушд таъсири номатлуб дорад.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи энергетикиро аз ҳадафҳои стратегии кишвар медонад. Ҳадафи зикршуда, қабл аз ҳама, ба таъмини дастрасии комил ба нерӯи барқ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар равона карда шудааст ва ин матлаб бо ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нерӯи устувор барои ҳама», ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи он чандин лоиҳаҳоро амалӣ гардонида истодааст, комилан созгор аст.

Таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар ҳадафи дигари стратегии давлати мо маҳсуб меёбад. Афзоиши босуръати аҳолӣ, кӯҳсор будани қаламрави он ва масоҳати маҳдуди қобили обёрӣ истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обу заминро тақозо менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар тадбиру василаҳои мухталифро истифода бурда, аз ҷумла барои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои корам саъю талоши зиёд намуда, захираҳои бузургро сафарбар месозад. Дар баробари ин, тавре ба шумо маълум аст, азхудкунии заминҳои нав дар шароити кишвари баландкӯҳи мо корест хеле гарону серхарҷ.

Шароити мураккаби кӯҳсор ҳамчунин дар байни кишварҳои қитъаи Авруосиё Тоҷикистонро нисбат ба тағйироти вусъатёбандаи иқлим ба кишвари аз ҳама зиёд осебпазир табдил медиҳад.

Мушоҳидаҳои 60 соли охир гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвар ба андозаи 0,5 то 1 дараҷаи Селсий баланд шудааст. Дар натиҷа дар мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар пиряхҳо ва барфтӯдаҳо босуръат об шуда боиси нест шудани зиёда аз ҳазор пирях гардидааст. Тибқи арзёбии коршиносон, чунин раванд дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат метавонад ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо боис гардад, ки ин на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа пайомадҳои ногувору хатарнок дорад.

Яке аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим зиёд гаштани офатҳои табиист, ки ба хисороти ҷиддии иқтисодӣ ва баъзан талафоти ҷонӣ сабаб мешаванд. Тайи даҳ соли охир офатҳои табиии вобаста ба об ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, сабаби ҳалокати садҳо нафар гардидаанд.

Яке аз омилҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об маблағгузории устувори бахши об ва татбиқи технологияҳои муосир мебошад. Ба ин мақсад Ҳукумати Тоҷикистон – дар баробари ба кор гирифтани захираҳои дохилӣ – маблағи созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо ва сармоягузорони хориҷиро низ ҷалб менамояд.

Мо итминон дорем, ки таҳкиму рушди ҳамкорӣ бо тамоми шарикон ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо дар арсаи дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба об самараи хуб хоҳад дод.

Иштирокдорони муҳтарами конфронс!

Таҳкими робитаи мутақобилаи бахшҳои об, неру ва озуқаворӣ, рушди инфрасохтор, зиёд намудани маблағгузорӣ ва ҷоннок сохтани ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозоҳои таъхирнопазири имрӯзие мебошанд ва онҳо саъю талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об тақвият мебахшанд.

Дар санади хотимавии Конфронси Рио ҷамъи 20 рушди «сабз» ба ҳайси масири асосӣ дар стратегияи тараққии минбаъдаи башарият маънидод шудааст.

Барои татбиқи ин матлаб зарур аст, ки дар самти идораи устувор ва истифодаи захираҳои табиӣ саъю кӯшиши мушаххас анҷом дода шавад. Дар фароҳам овардани рушди «сабз» захираҳои об ба ҳайси манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ нақшу мақоми арзанда доранд.

Дар баробари ин, идораи фарогиру ҳамгирои захираҳои об ба хотири дастёбӣ ба ҳадафҳои соҳаи об василаи мубраму оқилона буд ва хоҳад монд.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!

Масъалаҳои об, неру, озуқаворӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ бо ҳам сахт печидаанд ва ҳалли онҳо муносибати маҷмӯиро талаб менамояд. Қобили зикр аст, ки вазъият дар робита бо таҳдиду хатарҳои нав сол аз сол мураккабтар мегардад.

Вазъи имрӯза дар минтақа барои хушбинӣ асосе намедиҳад. Таъсири тағйирёбии иқлим аллакай, чунонки гуфтем, ба кам шудани ҳаҷму масоҳати пиряхҳо ва барфтӯдаҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, боис гаштааст. Ва тавре зикр гардид, ки раванд дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо оварда мерасонад.

Афзоиши босуръати аҳолӣ дар минтақа, ки омили муҳимми обтаъминкунии он мебошад, ба хеле зиёд шудани истеъмолу истифодаи об аз ҷониби аҳолӣ ва иқтисоди кишварҳо боис гардид. Чунончи, масоҳати заминҳои обёришаванда дар Осиёи Марказӣ, ки дар оғози асри XX-ум баробар ба 2,5 – 3 миллион гектар буд, дар охири садсола ба 8,5 миллион гектар расид. Шумораи аҳолии минтақа низ, ки дар соли 1956 каме бештар аз 20 миллион буд, имрӯз қариб ба 65 миллион нафар расидааст.

Агар дар ибтидои солҳои 1960-ум минтақа дар як сол тақрибан 60 километри мукааб обро истеъмол мекард, пас имрӯз ин нишондиҳанда дар як сол беш аз 110 километри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи арзёбиҳои муътамад, то соли 2030-ум афзоиши истеъмоли об дар Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 15-20 фоиз зиёд мегардад.

Дар баробари ин, дар сурати истифодаи оқилонаву босамар, захираҳои мавҷудаи минтақа метавонанд талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисоди кишварҳоро ба об комилан қонеъ сохта, ба ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ мусоидат намоянд. Дар робита ба ин, бунёди инфрасохтори нав дар соҳаи обу нерӯ бо истифодаи технологияҳои нав бешубҳа, ҷиҳати ҳалли минбаъдаи масъалаҳои зикршуда иқдоми муҳимму зарур аст.

Фақат ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи захираҳои об ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳифзи табиати минтақа ба нафъи ҳамаи мардумони сокини он мусоидат хоҳад кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёзманди чунин ҳамкорист ва ҷонибдори ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда бар асоси усулҳои эҳтироми байниҳамдигарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии мутақобилан судманд мебошад.

Иштирокдорони соҳибиззати конфронс!

Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи обро дар рӯзномаи глобалӣ пайгиронаву фаъолона пуштибонӣ менамояд. Кишвари мо тайи 15 соли охир ташаббускори аксари қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба об мебошад.

Мо чунин мешуморем, ки ин ибтикороти мо – ба ҳадди муайян – ба хотири дарки хубтари масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва эътирофи зарурати афзал донистани ҳалли онҳо ҷиҳати рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, фароҳам гардидани тавозуну созгории экологӣ, сулҳу субот ва, умуман, рушди бемайлону солим хизмат кард.

Албатта, саҳми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар ин раванд, бо дарназардошти муҳлат ва ҳадафу вазифаҳояш, арзишманду муассир аст. Вале он ба фарҷомаш наздик мерасад.

Итминон дорам, ки дар чаҳорчӯбаи ин конфронс дастовардҳо, сабақҳо ва таҷрибаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» бо иштироки фаъоли шумо ҷамъбаст гардида, иқдомҳо ва саъю талоши минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар давраи баъд аз соли 2015 мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор мегиранд.

Мавзӯъҳои дар чаҳорчӯбаи конфронс баррасишаванда мубрам ва дар айни замон фарогир мебошанд. Ва муҳим аст, ки – дар баробари ҷамъбасти Даҳсола - конфронс масъалаҳо ва мушкилоти умдаро муайян созад, оид ба роҳҳои минбаъдаи ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда тавсияҳои мушаххас таҳия намояд.

Ин вазифаи осон нест, вале ман бовар дорам, ки ба шарофати сатҳи қобили таҳсини донишу таҷриба ва малакаи ҳамаи иштирокдороне, ки имрӯз дар ин ҷо бо ҳам омадаанд, конфронс ба мусоидати ҷиддӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо қодир хоҳад шуд.

Дӯстони азиз!

Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об – ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем.

Итминон дорам, ки конфронси имрӯза – дар баробари дигар чорабиниҳои сол – дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо ва дар раванди қабули тасмимот роҷеъ ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк дар саммити давлатҳои манфиатдор оид ба масъалаҳои рушди устувор баррасӣ мешаванд, саҳми назаррас хоҳад гирифт.

Дар фарҷом мехостам бори дигар ба ҳамаи шумо фаъолияти босамар ва ҳузури боҳаловат дар кишвари мо орзу намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520