Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо

09.06.2015 15:46, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, кӯҳкорӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Чунонки зикр гардид, ин нахустин боздиди як ҳайати расмӣ аз Габон ба Тоҷикистон аст ва изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳо вусъат хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520