Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

09.06.2015 18:44, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Дӯстони гиромӣ,
Хонумон ва ҷанобон,

Музокироти мо бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф бисёр пурмуҳтаво ва самаранок буд.

Дар суҳбати хосса ва, сипас, дар музокироти васеи ҳайатҳои Точикистон ва Покистон дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум мо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф ва доираи васеи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намудем.

Рағбати ҷонибайн ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноату тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, маориф, илму фарҳанг, дифоъ ва амният бори дигар баръало зоҳир гардид.

Дар ин замина зарурати татбиқи комили амалии Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ ва иҷрои муқаррароти санадҳое, ки зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон 17 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, таъкид карда шуд.

Баҳри густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои байни доираҳои алоқаманди ду кишвар қарор шуд, ки моҳи октябри соли ҷорӣ намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеҳсоли Покистон дар Душанбе ва ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар ш. Исломобод гузаронида шаванд.

Дар рушду таҳкими робитаҳои ду кишвар нақши фаъоли амалии Комиссияи махсуси муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва дар ҳошияи кори он баррасӣ ва ҳал намудани масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва зербиноӣ муҳим арзёбӣ карда шуданд.

Дар ин чаҳорчӯба аҳамияти бузурги татбиқи ҳарчи зудтари барномаи КАСА-1000 бори дигар мавриди таъйид қарор гирифт ва василаҳои муассири амалигардонии он баррасӣ шуданд.

Бори дигар таъкид гардид, ки ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба рушду тавсеаи робитаҳои бозаргонӣ ва иқтисодӣ мусоидат карда, ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳамаи заминаҳо такони муассир хоҳад бахшид.

Бо дарназардошти хусусиятҳои нави вазъи кунунии минтақавӣ, зимни музокирот зарурати ҳамкориҳои беш аз пеши Тоҷикистон ва Покистон дар самти мубориза бар зидди неруҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишу таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тазаккур ёфт. Ҷониби Тоҷикистон пуштибонии комили худро аз иқдомоте, ки дар Покистон дар ин самт сурат гирифтанд, эълом дошт.

Ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари марбутаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мусбату босамар арзёбӣ гардид.

Дар хотима мехоҳам бори дигар ба Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф барои иштирокашон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” изҳори сипос намоям ва риштаи суханро ба меҳмони олиқадри мо бидиҳам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520