Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

09.06.2015 18:46, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, 9-10 июни соли 2015 Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамроҳ бо ҳайати баландпоя аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи сафар суҳбати хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф ва музокироти васеи ҳайатҳо баргузор шуданд. Маҷмӯи васеи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбарон ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карданд.

Сарвазири Покистон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар шаҳри Душанбе ситоиш кард.

Ду роҳбар аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, бар иқтидори бузург, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, энергетика, нақлиёт, дифоъ ва амният мавҷуд аст, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо раванди татбиқи амалии Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши шарикӣ ва иҷрои муқаррароти санадҳоеро, ки зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон 17 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, мусбат арзёбӣ карданд.

Онҳо бар зарурати тавсеаи алоқаи ҳавоӣ, заминӣ ва роҳи оҳанро барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ, робитаҳои байни мардумон ва саёҳат таъкид намуданд. Онҳо ба Комиссияи муштараки сатҳи вазирон ваколат доданд, ки тавсияҳои мушаххасро дар ин бора таҳия намояд. Ҷониби Покистон пешниҳод намуд, ки ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки сатҳи вазирон 7-8 октябри соли 2015 дар ш. Исломобод баргузор гардад.

Намоишгоҳе, ки моҳи октябри соли 2015 дар ш. Душанбе баргузор мегардад ва барои муаррифии молҳои истеҳсоли Покистон дар Тоҷикистон ва минтақа мусоидат хоҳад кард, мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин бар аҳамияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетикӣ ва зербиноиро, ки бо қарори муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шуд, таъкид карданд. Комиссия бояд ҷаласаҳои худро дар як сол ду маротиба баргузор ва дар ҳошияи онҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои энергетикӣ ва зерсохторӣ баррасӣ намояд.

Роҳбарон бар зарурати таҳкими имконоти транзитӣ ва ҳамлу нақл, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ таъкид намуданд. Дар ин замина ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳарчи зудтар ниҳоӣ намудани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба робитаҳои бозаргонӣ ва иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ такони бештар хоҳад бахшид.

Ҷонибҳо бори дигар зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ ва ҷаҳониро таъйид намуданд.

Ҳар ду ҷониб ҳамкории хуби ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари марбутаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо қаноатмандӣ қайд карданд. Покистон ба Тоҷикистон барои ҷонибдории дархости Покистон барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай арзи сипос намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ ҳамкории наздикро роҳандозӣ мекунанд.

Сарвазири Покистон изҳор дошт, ки ба сафари дарпешистодаи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон таваҷҷуҳи хосса медиҳад, ки баргузории он дар амри таҳкиму тавсеаи муносибатҳо ва робитаҳои анъанавии мардумони ду кишвар омили муҳимме хоҳад шуд. 

Сарвазири Покистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки зимни сафар нисбати ҳайати Покистон сурат гирифт, изҳори сипос намуд.

ш.Душанбе, 9 июни соли 2015
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520