Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Сарвазири Туркманистон Аннагелди Язмуродов

09.06.2015 18:48, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо муовини Сарвазири Туркманистон Аннагелди Язмуродов масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии судбахши ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт, боркашонӣ, обу энергетика, маориф ва фарҳанг зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва қарорҳои комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода шавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо фаъол гардидани роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон робитаҳои ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид мегарданд.

 Ҳарду ҷониб ба густариши минбаъдаи муносиботи гуногунпаҳлӯи судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520