Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев

09.06.2015 18:49, шаҳри Душанбе

Дар вохӯрӣ бо муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Ҷумҳурии Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем ва омодаем, ки робитаҳои созандаю судбахшро бо он густариш диҳем”.

Аз муҳайё будани заминаи хуби ҳамкорӣ ва воситаҳои тавсиаи робитаҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар бахшҳои саноатии кӯҳкорӣ, кимиёӣ, сохтмонӣ, дорусозӣ, техникаи барқӣ, мошинсозӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳайёсозии шароити боз ҳам беҳтари ҳуқуқӣ барои будубоши шаҳрвандони ду кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди ҳамдигар ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва иқтисоди сабз, сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520