Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан

10.06.2015 10:07, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди мунтазами муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Питер Бурианро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик гуфта, изҳори бовар намуд, ки фаъолияташ дар ин вазифа пурсамар хоҳад буд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки барномаи мазкур ҷалби 251 миллион евро маблағро барои татбиқи амалии лоиҳаҳои зиёд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди деҳоти Тоҷикистон дар назар дорад.

Атрофи мавзӯъҳои ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупою Тоҷикистон ва даври навбатии Муколамаи дуҷониба доир ба ҳуқуқи инсон, ки 10 ва 11 июни соли равон дар Брюсел баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳалли мушкилоти вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин доир ба вазъи номуътадили Афғонистон ва зарурати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳад бо ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон сурат гирифт.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520