Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини дабири кулл/котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Кристиан Фрис Бах

10.06.2015 11:10, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулл/котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Кристиан Фрис Бахро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, расидан ба бисёр ҳадафҳои рушди устувор, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва барномаҳои дигари глобалӣ бармеоянд, ба татбиқи босамари лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бастагӣ дорад.

Кристиан Фрис Бах ба пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об ва пуштибонии кишвари мо аз ташаббусҳои созанда барои таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба нерӯи барқ аз тариқи рушди энергетикаи сабз ва пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра тавассути ба роҳ мондани иқтисоди сабз баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки амалӣ намудани тадбирҳои якҷоя ба ҳалли бисёр мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам кулли ҷаҳон мусоидати фаъол мекунад.

Ҳамчунин пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалӣ бо шиори амалиёти “Об барои рушди устувор” “бисёр бамаврид, зарурӣ ва қобили дастгирӣ” номида шуд.

Бо қаноат изҳор гардид, ки тавассути даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” конвенсияҳои обии барои Аврупо қабулнамудаи СММ хислати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳояш барои татбиқи силсилаи лоиҳаҳо, аз ҷумла “Арзёбии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо”, “Арзёбии рушди инноватсионии Тоҷикистон”, лоиҳаи марбут ба таҳкими иқтидори соҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва рушди бахши обу энергетика арзи сипос намуд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари робитаҳо дар оянда таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520