Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нерӯ ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода

10.06.2015 12:02, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерӯ ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қатар барои қабули даъвати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати расмии ин кишвар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” дар шаҳри Душанбе арзи сипос кард.

Президенти кишвар ҳамчунин аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла фаъолияти босамари ҶДММ Қатар Диар Реал Истейт Инвестмент Компани – Тоҷикистон ва лоиҳаҳои шаҳраки Диёри Душанбе ва Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ин тадбирҳоро “намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ” номид.

Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруду паёми Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро расонда, ҳавасмандии кишварашро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид дошт.

Гуфтугӯйи судманд атрофи нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба таъсиси Бонки тиҷоратии қатарӣ ва маблағгузории Фонди рушди қатарӣ ба лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт.

Бо изҳори қаноат аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ҳамзамон зарурати ба имзо расондани чанд санади иловагӣ, аз ҷумла дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520