Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

12.06.2015 08:48, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Солгарди иди миллии Федератсияи Русия-рӯзи қабули Декларация дар бораи истиқлолияти давлатӣ ба ман имконияти хуб медиҳад, ки Шумо ва тамоми халқи дӯсти русро бо ин рӯйдоди муҳим табрик намоям.

 Русия барои Тоҷикистон шарики стратегии ҳақиқӣ аст, ки дар муносиботи сиёсати хориҷии стратегии мо ҳамеша мақоми аввалро касб мекунад.

Мо ба ҳолати муносиботи бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия, ки рушди бемайлони он ба  робитаҳои самимӣ ва мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд медиҳем.

Ҳамкориҳои самарабахши мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақавӣ боз як намунаи шарики созандаи Тоҷикистону Русия мебошанд.

Мо муътақид бар онем, ки кишварҳои мо метавонанд муносиботи худро бо ҳамкориҳои мустаҳкам, ки ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳоянд, бо майлҳои мусбат пурратар созанд ва онҳоро ба дараҷаи  нави босифат, ки мутобиқ ба иқтидори ғании мост, бароранд. Мо бо ҷасорати қатъӣ барои ин кор тамоми кӯшишҳои лозимиро равона месозем.  

Бо истифода аз фурсат, аз самими қалб  ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбиҳоро барои ноил гардидан ба мақсадҳои оянда ҷиҳати шукуфоии Русияи Бузург, ба халқи бародари рус беҳбудӣ  ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520