Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили

15.06.2015 11:24, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили барқияи тасаллият ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Ҷаноби Аълоҳазрат,

Дар Тоҷикистон хабари обхезӣ бар асари борони шадиди сел дар Тбилисиро, ки боиси ҳалокати одамон гардида ва ба пойтахт зарари зиёди моддӣ расонидааст, бо андӯҳи гарон дарёфтанд.

Аз Шумо , ҷаноби Президент, хоҳиш мекунам тасаллияти қалбӣ ва ҳисси ҳамдардии моро ба хешовандон ва пайвандони ҳалокшудагон расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520