Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

03.07.2015 09:11, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам Александр Григоревич,

Бо мамнунияти бузург ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Беларус ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти ин кишвар табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ирсол медорам.

Ҷумҳурии Беларус дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми муҳим дорад. Мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз раванди рушди робитаҳои мутақобилан муфиди анъанавию дӯстонаи Тоҷикистону Беларус дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ махсус таъкид намоям.

Мо ба муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бо хушбинӣ назар намуда, барои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он ҷиҳати беҳбуди кишварҳо ва мардумонамон тамоми корҳоро бо бовари комил анҷом медиҳем.

Дар ин рӯзи муборак ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, сиҳатмандӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои минбаъда, ба халқи бародари беларус рафоҳат ва шукуфоиро таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520