Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими супурдани унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии нефту техникаи Уфа

08.07.2015 15:44, Русия

Муҳтарам Рамил Назифович,
Профессорон, омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯёни муҳтарам,
Дӯстони азиз!

Бароям ифтихори бузург аст, ки Профессори фахрии яке аз Донишкадаҳои асосии Русия дар амри тарбияи кадрҳо барои чунин соҳаи стратегӣ,  чун истихроҷу  коргарди нафт- Донишгоҳи давлатии тефту техникаи Уфа бошам. Мехоҳам ба Шӯрои илмии донишгоҳ барои ин тасмимаш аз самими қалб изҳори миннадорӣ намоям.

Донишгоҳи нефти Уфа таърихи ғанию пуршараф дошта, аз давраи соли 1948 ба ҳайси Донишкадаи олии мустақил таъсис ёфтанаш дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ ҳамчун маҷмааи илмии дорои ҳаҷми умумииттифоқӣ эътироф шудааст. Донишгоҳ дар қатори донишгоҳҳои олии соҳавии собиқ Иттиҳод ба таври ҳаққонӣ мавқеи пешқадамро касб намуда, минбаъд ба Ассотсиатсияи байналмилалии донишгоҳҳо қабул шуд. Имрӯз донишгоҳи шумо бо даҳҳо донишкадаҳои кишварҳои мухталиф равобити васеи ҳамкорӣ дорад. Хурсандиовар аст, ки ду донишгоҳи Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.

Мо равобити мустақими байни муассисаҳои илмию таҳсилотии ҳарду кишварро чун шарти муҳими нигаҳдории фазои фарҳангию иттилоотӣ ва таҳсилотӣ бо Русия ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем, зеро аминем, ки ин қабил равобит нерӯи муносибатҳои байнидавлатиамонро таҳким мебахшанд ва ғанӣ мегардонанд.

Дар донишгоҳ намояндагони бисёр кишварҳои саросари китъаҳо таҳсил мекунанд. Мехоҳам ба донишҷуён, аз ҷумла ба ҳамватанонам рӯ оварда, онҳоро даъват намоям, ки имкониятҳои дар ин ҷо фароҳам овардашударо  барои он истифода намоянд, ки нафақат мутахассиси дорои сатҳи баланди донишҳо, балки шахсияти ҳамаҷониба низ гарданд. Зеро хатмкунандаи Донишгоҳи нафти Уфа нафақат дар Русия, балки дур аз ҳудудҳои он ҳам кафолати сифатҳои баланди касбию кордониро дорад, биноан шумо бояд ин унвонро ба таври арзанда пеш баред.

Дӯстони азиз, мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки ба он равобити мураккабтарини теъдоди бузурги равандҳо, тамоюлҳо ва омилҳои гуногуни  серсоҳа ва баъзан  бо ҳам мухолифи дохилӣ хосанд. Ин ҷаҳон ҳам имконоти бузургу шонси таърихӣ ва ҳам ситезаҳои басо ҷиддӣ ва хавфу хатар ба ҳамаи кишвару халқҳоро ба худ дар бар мегирад. Ин ҷаҳонест, ки дар он тағийроти амиқ ва шояд асосӣ хусусияти басо босуръату фарогирро дошта, шояд, ба ҳамаи минтақаю  давлатҳои ҷаҳон, ба ҳамаи соҳаю ҷиҳатҳои ҳаёти мо таъсири устувору ҳамаҷониба мерасонад.

Имрӯз аслан ба ҳама маълум аст, ки тақдири халқу кишварҳо бо ҳам вобастагии зич доранд, минтақаҳо бо якдигар алоқаманданд, хавфу хатар ва ситезаҳо барои ҳамаи мо умумианд. Барои исботи ин ҳоҷати дур рафтан нест- дар ҳоли ҳозир ҳамаи мо таъсири буҳрони ҷаҳониро ба андозаи зиёд ҳис мекунем.

Ва нафакат ин. Имрӯз номҳои Ироқ, Сурия, Тунис, Яман ва давлатҳои дур аз мо ҳам вирди забонанд. Вале мо таъсири онҳоро дар ҷомеаҳоямон мустақиман ҳис мекунем. Магар масъалаи таъмини амнияти давлату ҷомеаҳо, ки ҳоло ба мадди аввал мебарояд, барои ҳамаи мо масъалаи асосӣ нест? Магар масъалаи сафарбарии ҷавонони мо ба сафҳои ба ном «Давлати исломӣ» ва пайдо намудани роҳҳои эмин шудан аз ин  «вабои аср» барои мо масъалаи умумию  муҳимтарин нест?

Фикр мекунам, ки мо дар чунин шароит бояд зич ҳамкорӣ намоем, то роҳҳои ҳалли ин проблемаҳои доғи рӯзро пайдо кунем.

Дар чунин шароит ҷаҳон ҳам бояд ин воқеиятро ба назар гирифта, бо назардошти он  амал кунад. Дар баробари ин басо муҳим аст, ки  манофеи танги миллӣ ва ҳатто танги ноҳиявӣ не, балки мақсадҳои ҳақиқатан умумиинсонӣ ва фикру арзишҳои онҳо ба назар гирифта шавад.

Ин вазъияти объективӣ таҳқиқи доимии ҳамаи маҷмуи ҳодисаҳои зикршударо нафақат аз ҷониби намояндагони илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ, балки илмҳои техникӣ, доираи васеи таҳлилгарон коршиносон, кормандони амалӣ ва публитсистон низ талаб мекунад. Ҳамаи ин зуҳуроти мураккабтарину ба ҳам мухолифи дохилӣ роҳандозии ҳамкории ҳамаи сохтору иттиҳодияҳои моро, аз қабили СААД ва, албатта,  аз қабили ҳамкории судманди байналмилалӣ тақозо мекунад ва мо ба ҷуз ин, роҳи дигаре надорем.

Мутаасифона, бояд бигӯям, ки ба назари ман вазъияти имрӯза  бо назардошти тамоюлҳои мавҷуда  оинаҳои каҷи кишвари муъҷизаҳоро ба хотир меорад.  Баъзе марказҳои асосии сиёсати ҷаҳон ба ҷойи ба таври воқеӣ муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо ҷиҳати муқовимат ба ситезаҳои ҷиддитарин ва хавфу хатар ба асосҳои моделҳои ҳозираи тамаддун, коҳиш додани оқибатҳои таъсири фаъолияти инсон ба мизони нозуки табиати сайёраамон, ба ташкили хатту монеаҳои нави ҷудокунанда машғуланд.

Чунин роҳҳои ба таври умум пешгирифта барои ҳамкории ҳамаҷонибаи байналмилалӣ чун Мақсадҳои рушди Ҳазорсола ва Мақсадҳои рушди устувори онҳо, ки мо ҳамаи умедамонро ба муттаҳидсозии нерӯи инсоният ба хотири таъмини шароити арзандаи дар амал тадбиқ намудани ҳар шахсият дар амри муҳити аз нигоҳи экологӣ  бехатар  ба онҳо алоқаманд мешуморем, дар партави тамоюлҳои мавҷудаи рақобати носолим нафақат зери шубҳа гузошта мешаванд, балки хавфи пурра фаромӯшшавиро низ доранд.

Бино бар ин, фақат муколамаи судманд ва ҳамкории баробарҳуқуқ бо риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ягона роҳи имконпазири баромадан аз ин қазия аст.

Аз ин нуқтаи назар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русия ҳамоҳанги ин талабҳо буда ва он бо таърихи ғании муносибатҳои кишвару халқҳоямон таҳким бахшида мешавад. Моро ҳазорҳо риштаҳо пайванд месозанд, мо аз имтиҳоноти душвор якҷоя гузаштем, нону намакро бо ҳам дидем, дар ҷанги барои таърихи инсоният даҳшатовартарин ғалаба кардем. Садҳо ҳазор нафар русиягиҳое, ки дар ин ҷанги хунин аз маъвоҳояшон маҳрум шуда буданд, дар Тоҷикистон паногоҳ ёфтанд. Русия, дар навбати худ дар давраи озмоишҳои вазнинтарине, ки Тоҷикистон солҳои аввали Истиқлолият дучори онҳо гашта буд, яке аз аввалинҳо шуда дасти ёрии бародарона дароз кард.

Боиси хушнудист, ки мо то ҳол рӯҳан қаринем ва дар маҷмуъ он чизро нигоҳ доштаем, ки ҳамеша ба муносибатҳои мо хос буд.

Тоҷикистон дар мавриди густариши ҳамкории мутақобила бо Русия, чун бо шарики стратегии табиии худ шавқманд аст. Ва амалан дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкории дуҷонибаи мо иқтидори тамомнашавандаи бойтарин мавҷуд аст ва мо, яъне роҳбарони ҳарду давлатро дар назар дорам, вазифаи худро дар пурра амалӣ гардонидани он ба манфиати мардумонамон мебинем.  

Ман мехоҳам ёдовар шавам, ки имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия рушд меёбанд ва ин комилан ба ҳамаи соҳаҳо - аз ҳарбӣ-сиёсӣ то фарҳангӣ-гуманитарӣ дахл дорад. Дар марҳилаи кунунӣ ҳар ду ҷониб ба масоили густариши ҳамкории иқтисодӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд, ки дар асоси он ҳамкории дуҷониба вусъат меёбанд.  Муносибатҳои фарҳангию гуманитариамон бештар муҳим мебошанд. Имрӯз ман метавонам дар бораи саҳмамон ҳарф занам: дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи энергетикии Маскав, Донишкадаи оҳан ва хӯлаи Маскав, сохтори «Русский мир» ва дигар иттиҳодияҳо амал мекунанд. 

Дар баробари ин, самараҳои воқеии ҳамкории прагматикии Русия ва Тоҷикистон намунаҳои олии он ба шумор мераванд, ки ҳамаи мо бояд баробар бошем.   Мисол, ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз таъмини барқ аллакай масъалаи марказии иқтисодӣ-иҷтимоӣ, геостратегӣ ва ҳатто геосиёсӣ гардида истодааст. Ва бинобар ин тасодуфӣ нест, ки дар ҳамкории мутақобилаи иқтисодии Русия ва Тоҷикистон энергетика низ ҷойи хосро гирифтааст.

Кишварҳои мо, чун дар назари аввал бо назардошти андозаҳои қиёснашавандаашон ғайриоддӣ наменамоянд, вале аз рӯи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.  Истифодаи васеъ ва самараноки ин захираҳои бой имкон медиҳад, ки вазифаҳои мақсаднок ва ҳамаҷонибаро ҳал намоем, аммо ин ҳама муҳим нест. 

Инак, аллакай соли 6-ум аст, ки НБО Сангтӯда - 1  чун киштии дарёдори ҳамкории Тоҷикистону Русия бомуваффақият фаъолият дорад. Он на танҳо шоҳиди ҳамкориҳои босамари кишварҳои мо дар марҳилаи пасошӯравӣ, балки далели мавҷуд будани иқтидори бузурги ҳамкорӣ низ гардид.  

Ин лоиҳа имкон дод, ки равобити деринаи кооперативии байни энергетикҳо, мошинсозон ва бисёр сохторҳои дигари ҳарду кишвар, ки дар нимаи асри гузашта бо бунёди иншоотҳои калони гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба онҳо ибтидо гузошта буд, аз нав давом дода шаванд.

Бо ибораи дигар мо бо чашмони худ дидем, ки мутахассисон боз  чун дар давраҳои  гузаштаи нек барои татбиқи чунин лоиҳаи муҳташам паҳлӯ ба паҳлӯ кор мекунанду аз он басо хушҳоланд. Охир бунёдкорӣ ҳамеша мардумро муттаҳид месозад, алалхусус онҳоеро муттаҳид месозад, ки якдигарро хуб медонанд.

Мо ният дорем, ки ин таҷрибаи пурқимматро бо василаи бунёди иншоотҳои нави энергетикӣ дар кишварамон, на фақат дар бахши гидроэнергетика, балки дар бахши истихроҷи нафту газ ҳам идома диҳем. Умедворам, ки дар ҷараёни татбиқи онҳо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии нафту техникаи Уфа ҳам  саҳми худро мегузоранд.

Аминам, ки донишгоҳ минбаъд ҳам мавқеи баланди хуро аз даст намедиҳад ва дастпарваронаш бо дастовардҳои нав ба нав шуҳрати онро афзун мегардонанд.

Ба ҳамаи шумо барои фароҳам овардани ифтихори баланд ба камина ва пазироии самимонаатон дар бинои зебои чунин донишгоҳи муътабар бори дигар сидқан изҳори миннадорӣ карда, мехоҳам ба шумо муваффақияту комёбиҳои навро дар  рушди илму маориф  ва таҳкими анъанаҳои ғании дӯстии Тоҷикисону Русия орзу намоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520