Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо тоҷикони муқими минтақаҳои Урал, Поволже ва Сибири Русия

08.07.2015 20:36, Русия

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории муқими Урал, Поволже ва Сибири Федератсияи Русия мулоқот намуд.

Дар мулоқот бо Сарвари давлат беш аз 150 нафар ҳамватанон, аз ҷумла зиёда аз 60 донишҷӯи тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаҳои номбурдаи Русия таҳсили илм мекунанд, иштирок намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир ва рушди мунтазами муносиботи накуи ҳамкорӣ бо Федератсия Русия ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони моро ба муаррифии шоиста аз фарҳанги волои тоҷикон, рафтору кирдори писандида, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбу ҳунари ба талаботи замон мувофиқ ва беш аз ҳама ба ҳушёрию зиракӣ дар муқобили тарғибгарони ғояҳои ифротию иртиҷоии нерӯҳои тахрибкори ба ном исломӣ ҳидоят намуд.   

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи худ бо Владимир Путин иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат бо Президенти Русия мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар буд. Аз ҷумла мужда расонда шуд, ки шумораи квотаҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик пас аз ин мулоқот афзун хоҳад гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷиноятҳои ваҳшатноки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “ҳадафи бунёдгузорон ва роҳбарони ин гурӯҳ бо куштани ҳазорон одамони бегуноҳ, пиронсолон ва занону кӯдакон беобрӯ кардани ислом ва дар дили инсонҳо ҷо кардани тарсу ҳарос аз ин дини муқаддас аст”. Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид гардид: “... ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки эктремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини ислом ягон робита ё умумияте надорад, зеро ислом дини сулҳу салоҳ ва ойини тараҳҳуму инсондӯстона мебошад”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия даъват намуд, ки дар пешгирӣ аз фирефта шудану гумроҳ гардидани ҷавонони тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз доми тазвири тарғибгарони маккори ДИИШ фаъол бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар як падару модар ва бародарону хоҳарон бояд аз рафтору кирдор ва ҳолатҳои руҳию равонии наздикону пайвандон, ҳамсабақон ва ҳамкасбону ҳамкорони худ бохабар бошанд ва монеъи гумроҳшавии нафарони ноогоҳ шаванд.

Бо қаноат зикр гардид, ки имрӯз дар ҳар минтақаву шаҳрҳои бузурги Русия марказҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва шумораи чунин иттиҳодияҳо ҳоло ба зиёда аз 80  расидааст.

Изҳори бовар карда шуд, ки тоҷикони муқими Русия тарғибгарони фаъоли арзишҳои волои таъриху фарҳанги бостонӣ ва ибратбахши миллати сарфарози тоҷик гардида, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо минтақаҳои гуногуни кишвари беканори Русия саҳми намоёну пурарзиш мегузоранд.

Пас аз анҷоми суханронӣ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия маҳфили озоду самимии пурсишу посух доир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520