Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии СҲШ ва натиҷаҳои ҳамоиш

10.07.2015 22:56, Русия

Дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид.

Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, нозир, шарикони муколама, давлатҳои даъватшуда ва намояндагони созмонҳои зиёди байналмилалию минтақавӣ ба ҳам омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони ҳамаи давлатҳо ва ҳайатҳои воломақомро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Пас аз аксгирии муштарак нахуст ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар теъдоди маҳдуд ҷараён гирифт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони 5 давлати нозир-Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Русия ва Владимир Путин барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ин ҳамоиш дар соли таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ҷараён дорад, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд: “Қаҳрамонии онҳое, ки барои Ғалабаи Бузург ҷони худро нисор намудаанд, моро ба ҳушёрию зиракӣ ва таҳкими ягонагӣ барои ҳифзи сулҳу осоиш ва  таъмини рушди устувор водор месозад. Танҳо бо хулосабарорӣ аз сабақҳои гузашта мо метавонем, ояндаи худро ба таври самарабахш бунёд намоем”.

Ҳамчунин таъкид гардид: “Сулҳ бебаҳо аст. Вазифаи умумии мо эҳтиёт кардан, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани сулҳу субот дар минтақаи масъулияти СҲШ ва афзун гардондани саҳми худ дар таъмини осоиш дар сайёра аст”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як зумра пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошт, ки мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки “кор бо ҷавонон ва ба манфиати ҷавонон бояд яке аз афзалиятҳои муҳими СҲШ гардад” ва пешниҳод карда шуд, ки “яке аз солҳои оянда “Соли ҷавонон” эълон шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ғояи бунёди “Камарбанди иқтисодӣ”-и Шоҳроҳи Абрешим пуштибонӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки “мо дар он имконоти зиёди густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи СҲШ-ро мебинем” ва афзуд, ки “дар раванди рушди навовариҳо робитаҳои минтақавӣ ва соҳибкории хурду миёна метавонанд нақши локомотиви пешбарандаро бар уҳда дошта бошанд”.

Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирӣ аз номзадии намояндаи Тоҷикистон - Рашид Олимов ба мақоми Котиби генералии ин созмони бонуфуз изҳори қадрдонӣ карда, ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон баҳои баланд дод ва ҳам изҳори бовар намуд, ки раёсати Узбекистон низ давоми як соли оянда муваффақу самарабахш хоҳад буд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо як зумра санадҳо ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо қарор дар бораи роҳи қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай буд.

Тавре зикр гардид, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам барои қабул шудан ба узвияти ин созмон муроҷиати расмӣ ворид шудааст. Ғайр аз ин, аз як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Белорус, Шри-Ланка, Сурия, Украина, Ҷумҳурии Малдив, Камбоҷа ва Миср дархост барои дарёфти  мақоми нозир ва ё шарики муколама дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод гардидааст.

Натиҷаҳои асосии дигар аз ин ҳамоиш тасдиқ шудани Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025, Эъломияи Уфа, Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ ва Барномаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2016-2018 буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520