Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор

13.07.2015 15:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муҷассамаи шоир, файласуф, мусиқидон ва чеҳрапардози чирадасти ҳиндӣ Робиндранат Тагор бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ расман ифтитоҳ ёфт.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Робиндранат Тагорро аз зумраи он бузургоне номид, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд.

«Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ӯ ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст. Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дӯст Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад», - тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Маврд ба зикр аст, ки Тагор дар ин ҷаҳони нав бо дардҳо, ранҷҳо, беадолатиҳову бемориҳо ошно шуд, ҳамзамон сарвати маънавии миллати бузурги Ҳиндро шинохт ва ба тасвири чеҳраи воқеии он пардохт. Ӯ пас аз ин беҳтарин осори худро ба вуҷуд овард, достонҳои ҳаяҷонангезе нигошт ва намоишномаҳои камназирро ба риштаи таҳрир кашид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520