Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон

13.07.2015 18:14, шаҳри Бохтар

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд. Дар инҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октиябри соли 2014 ба фаъолият шуруъ намуда, он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор мекунанд. Ҳамзамон мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамкасбони тоҷики худ истифодаи таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардидаро меомӯзонанд. Тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.

Бояд гуфт, ки бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ буда, барои таъмини мунтазами шифохона бо нерӯи барқ дар ин ҷо трансформаторҳои алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин шифохона натанҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002-юм шуруъ шуда, дар самтҳои омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули таҷрибаомузӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва расондани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520