Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиатнома ба Сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон

19.11.1992 18:00, шаҳри Душанбе

19 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарони давлатҳои Федератсияи Россия - Борис Николаевич Елсин, Қазоқистон - Назарбоев Нурсултон Абишевич, Қирғизистон - Акаев Аскар Акаевич ва Ӯзбекистон - Каримов Ислом Абдуғаниевич муроҷиатнома ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад:

"Вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, торафт муташанниҷ мегардад. Задухӯрдҳои мусаллаҳонаи тарафҳои муқобил давом доранд. Хуни одамони бегуноҳ мерезад. Шумораи гурезагон рӯз то рӯз меафзояд. Хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат нобуд шудани тоҷикон ба миён омадааст.

Дар ин рӯзҳои душвор қисмҳои дивизияи 201-уми пиёданизоми Федератсияи Россия бо хоҳиши ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе корхонаву муассисаҳоро ҳимоя карда, ба таъмини режими фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ мекунад.

Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъият ба раисони мамлакатҳои ИДМ, иштироккунандагони мулоқоти шаҳри Алмаато муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки дивизияи 201-уми пиёданизом асоси қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ гардад ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ин масъала ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ надоранд".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520