Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аризаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев"

20.11.1992 13:00, шаҳри Хуҷанд

20 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи аризаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев" имзо гузошт.

Мувофиқи қарори мазкур Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шифоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Набиевро дар бораи он ки вай ба мақсади бас шудани хунрезӣ, ҷанги бародаркушӣ, мӯътадил шудани вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеъфо меравад, баррасӣ намуда, истеъфои Раҳмон Набиевро аз вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд.

Ҳамчунин бо Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Акбар Мирзоев бо сабаби ба кори дипломатӣ гузаштанаш аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520