Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи пули нави мошингузар дар ноҳияи Ванҷ

28.07.2015 08:25, ноҳияи Ванҷ

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат дар ин вилоят аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.

Дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сокинон ва фаъолони ноҳия бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пули нави мошингузар аз болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ифтитоҳ ёфт. Бунёди пули мошингузар идомаи мантиқии сиёсати созандагии роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат мебошад, ки дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти пули мошингузар асос гузошт.

Тибқи лоиҳа, купрук иқтидори борбардории 100 тоннаро дошта, дарозии он 146 метр мебошад. Паҳноии купрук 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст.

Пули мазкур аз тарафи “Корпоратсияи Хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо” дар асоси шартнома бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 4 миллиону306 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2015-ум ба анҷом расид.

Барои сохтмони пули номбаршуда дар маҷмуъ 27 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Зимни шиносоӣ дар назди пули нави мошингузар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ бандшуда дар ҳудуди ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон монеаҳоро ҳарчи зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд. Ҳамчунин супор барои тезондани таҳияи лоиҳаҳои бунёди пулҳои дигар дар ин минтақа супориш дода шуд.

Аҳамияти ин пул агар аз як ҷониб ба ҳам васл кардани ду соҳил бошад, аз тарафи дигар манфиатҳои зиёди иқтисодӣ дорад, ки барои мардуми кишвар, аз ҷумла ронандагону мусофирон хеле судманд аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520