Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон

29.07.2015 13:06, ноҳияи Шуғнон

Худи ҳамин рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф овард.

Маросими истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сурат гирифт. Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тн ғалла дар 1 шабонарӯз иштирок кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти ин корхонаи муҳими саноатӣ асос гузошт.

Тавре маълум гардид, оид ба бунёди ин корхонаи пуриқтидор, ки дар вилоят ягона мебошад, зимни як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатӣ супориш шуда буд. Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз соли 2013 оғоз шуда, бо насби технологияи муосир сохта ба истифода дода шуд. Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев бо иқтидори коркарди 60 тонна ғалла дар 1 шабонарӯз фаъолият карда, то 30 нафарро ба кори доимӣ фаро мегирад.

Дар корхона имкони нигоҳдории 6 ҳазор тонна ғалла мавҷуд аст.

Фармоишгар Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва пудратчиҳо Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Порстоҷ”, Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Ориёнсарво” ва Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди “Идеал Сохтмон” мебошанд. Маблағи умумии корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ мебошад. Корхона дар масоҳати қариб 1 гектар бунёд ёфта, маҳалли ҷойгиршавии он барои дар шароити хуб ва беталаф нигоҳ доштани ғалладонагӣ мусоид аст.

Ин иқдом, яъне бунёди Корхонаи коркарди ғалла дар деҳаи Боғев аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, захира ва таъмини ин маводи ниёзи аввал дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд. Аз оне, ки вилоят тамоми сол бо барқ таъмин аст, барои фаъолияти мунтазами корхона ва таъмини сокинон бо орд ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди ғалла Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба маҳалли аз офати табиӣ зарардида омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди роҳи нав маслиҳатҳои муфид дод.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли бунёди хонаҳои нав барои оилаҳои зарардидагони офати табиӣ омада, бо онҳо суҳбат намуд.

Тавре маълум гардид, дар ин минтақа, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди хонаҳо замин ҷудо шуда буд, корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҳарчи зудтар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кардани сокинон дастуру супоришҳо дод.

Ба Агентии захираҳои моддӣ иловатан супориш дода шуд, ки барои таъмини аҳолии деҳаи навбунёд бо об чораҷуӣ намояд.

Баъди шиносоии пурра аз рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматӣ барои оилаҳои аз офат зарардида ва суҳбат бо онҳо дар маркази деҳаи Боғев Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқоту суҳбати самимӣ доир кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520