Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе

15.08.2015 11:47, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Хонуми Олиҷоҳ,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ ва мардуми дӯсти Корея табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати солгарди Иди миллии кишваратон тақдим медорам.

Тоҷикистон Кореяро ҳамчун шарики муҳим ва дӯсти боэътимод медонад ва ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса медиҳад.

Аз ин рӯ Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи ҳар ду кишвари дуст хушбин аст.

Мутмаинам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчӯбаи сафари расмии имсолаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ҳосилшуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бурд ва оғозгари марҳалаи навини рушду тавсеа хоҳад гашт. Ҷониби Тоҷикистон ба хотири татбиқи барномаҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кӯшиши заруриро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт.

Ин рӯйдоди фараҳбахш ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, то ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳҳатии комил, саодату дастовардҳои навин ва ба мардуми дӯсти Корея, сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу намоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520