Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати 9-солагии Рӯзи Истиқлолият

08.09.2000 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Бо гузашти ҳазор сол баъд аз Сомониёни бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллие бо номи мубораки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ки ҳоло мо нӯҳсолагии истиқлолияти онро ид мекунем.

Истиклолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад ва ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад.

Тоҷикон аз азал бо арзишҳои инсондӯстонаву муносибати хайрхоҳона ва меҳнати бунёдкорона шӯҳрат ёфтаанд ва бисёр анъанаву суннатҳои неки онҳо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ ворид шудаанд.

Давлати ҷавони тоҷик аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод ва барои ягонагии халқи тоҷик ва таъмини якпорчагии сарзаминамон саъю кӯшиши зиёде кард.

Зимни талошҳои пайдарпайи халқи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд.

Ҳар сол зимни ҷашни Рӯзи истиқлолият мо ба гузаштаи начандон дур назар надохта, бори дигар роҳи тайкардаи худ, бурду бохтҳои хешро таҳлил месозем ва барои оянда хулоса мебарорем.

Омилҳои гуногун сабаб шуданд, ки Тоҷикистон ба гирдоби ҷанг кашида шуд, иқтисодиёт фалаҷ гардид ва ҷомеаро бӯҳрони гарони сиёсиву иқтисодӣ фаро гирифт.

Мамлакат зарари бемислу монанди моддӣ дида дар ҷомеа авзои шадиди сиёсӣ ва мухолифати ақидаҳо ҳукмрон гардид.

Иқтидори истеҳсолӣ рӯ ба коҳиш оварда, хазинаи давлат холӣ монд ва хатари гуруснагӣ ба миён омад.

Бар хилофи бисёр ҷумхуриҳои дигар, ки баъди заволи давлати шӯравӣ ҳолати нисбатан хуб доштанд, ба мо лозим омад, ки дар шароити басо мушкили бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ба ташаккули давлатдории худ ва таҳкими пояҳои истиқлолият шурӯъ намоем.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёд мамлакат аз вартаи бӯҳрон баромад ва имрӯз бо роҳи пешгирифташ устуворона пеш меравад.

Дар тӯли нӯҳ соли истиқлолият асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роху равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятй дар доираи қонун ба низом даромад.

Дар тафаккури ҳамаи табақаҳои ҷомеа як дигаргунии куллӣ падид омад.

Барномаи ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ҳадафҳои стратегии пешрафти иқтисодиётро муайян кард. Рафти ислоҳот пояҳои истиқлолияту давлатдориро устувор сохт ва моро ба сӯйи созандагию бунёдкориҳо ҳидоят намуд.

Ҳадафи асосии ислоҳот гузаштан аз иқтисодиёти маъмурию фармонфармоӣ ба иқтисоди бозорӣ буда, ба густариши шаклҳои гуногуни моликият замина фароҳам овард.

Самти дигари инкишофи иқтисодиёт пеш гирифтани сиёсати оқилона дар соҳаи энергетика, саноат, нақлиёт, роҳсозӣ ва ғайра мебошад, ки дастовардҳои ин соҳаҳо ба таҳкими истиқлолияти иқтисодии мамлакат мусоидат намуданд.

Ман борҳо таъкид карда будам: мо ба истиқлолияти воқеӣ ба маънои томаш ҳамон вақт муваффақ мегардем, ки агар бо дарназардошти шароити кишвари худ ва мақоми ҷуғрофии он истиқлолияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикиро таъмин сохта тавонем.

Барои ба даст омадани ин мақсад, ки барои мо ҳаётан муҳим аст, Ҳукумат барномаҳои мушаххас дорад ва мо онҳоро зина ба зина амалӣ хоҳем кард.

Албатта, дар ҳалли ин масъала мо ба мушкилоти бисёр рӯ ба рӯ мешавем, аммо қадамҳои аввалин дар ин самт гузошта шуданд ва натиҷаҳои нахустин умедбахшанд.

Имрӯз сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда вусъат меёбад, сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун аз нав идома мегирад, ду агрегати нерӯгоҳи барқии Помир — 1 ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин ба кор даромадани кони гази Хоҷасартез ва идомаи таҷҳизонии кони нафту гази Хоҷабоқирғон аз қадамҳои ҷиддии мо дар таъмини истиклолияти энергетикӣ мебошанд.

Пеш гирифтани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ба истиқлолияти озуқавории ҷумҳурӣ низ пойдевори боэътимод гузошт.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди истиқлолият пеш омад, ба Тоҷикистон бахшидани раҳоӣ аз махдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад.

Татбиқи ин масъала имкон медиҳад, ки бисёр ҳадафҳои стратегӣ — таъмини ваҳдату ягонагӣ, болоравии иқтисодиёт, мубодилаи мол, ривоҷи тиҷорат ва дар ниҳояти кор ободонии Ватан ва болоравии сатҳи зиндагии халқ ҳалли муваффақиятноки худро ёбанд.

Маҳз дастгирӣ ва пуштибонии халқ буд, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб бомуваффақият анҷом ёфт. Роҳи мошингарди Кӯлоб — Хоруғ — Қулма, туннели Анзоб воқеан эҳёи Шоҳроҳи бузурги абрешим дар оғози асри ҷадид мегарданд.

Аз рӯйи талаботи бозор ва зарурати истифодаи пурмаҳсули захираҳои табиӣ рӯзҳои наздик дар Истаравшани бостонӣ корхонаи нави муқтадир оид ба истеҳсоли оби нӯшокӣ ба кор андохта мешавад.

Дар сурати ба кор даромадани хатти дуюми технологӣ иқтидори корхона ду баробар афзуда, он калонтарин корхонаи истеҳсоли об на фақат дар минтақа, балки дар тамоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба масъалаи тараққиёти минтақаҳо, алалхусус ба тараққиёти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо дарназардошти шароити маҳаллӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Дар ноҳияҳои кӯҳистон бунёди корхонаҳои хурд, ҷалб намудани занону ҷавонон ба истеҳсолот, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар оғози асри XXI дар пешорӯйи мо боз амалӣ намудани бисёр нақшаҳои хурду бузург истодааст.

Мамлакати мо истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва боигариҳои табииро оқилона ба роҳмонда, бояд аз кишвари содиркунандаи ашёи хоми саноатӣ ба мамлакати истеҳсоли маҳсулоти тайёри бозоргир табдил ёбад.

Раванди кувватгирифтаистодаи ислоҳоти иқтисодӣ ва умуман ташаккули муносибатҳои нави бозориро дар кишвар бе анҷоми муваффақиятноки хусусигардонӣ тасаввур кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, мо ба ин масъала минбаъд низ эътибори ҷиддӣ хоҳем дод.

Вале дар айни замон фаромӯш набояд кард, ки ҳадафи асосии хусусигардонӣ пеш аз ҳама фаъол сохтани истеҳсолоти моддӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави ҳозиразамон, бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо ба пешрафту ободонии мамлакат муваффақ шуда метавонем.

Дар замони мо тарбияи кадрҳои болаёқати миллӣ, ки ба талаботи асри оянда ҷавобгӯ бошанд, ба сатҳи масъалаҳои муҳимтарини давлатӣ баромадааст.

Бе мутахассисоне, ки ба моҳияти равандҳои асосии соҳаҳои гуногуни иқтисоди бозорӣ амиқ сарфаҳм раванд, аз комёбиҳои навтарини илму техникаи пешқадами ҷаҳон бохабар бошанд ва онҳоро дар фаъолияти худ оқилона истифода карда тавонанд, ба пешравӣ дар он соҳа умед бастан мушкил аст.

Аз ин рӯ, мо бояд ба тарбия ва омӯзиши ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳем ва аз ҳамаи имкониятҳо пурра истифода барем.

Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони соҳибистикдоли мо ба кишвари содиркунандаи арзонтарин кувваи барқ ва оби нӯшокӣ, ба маркази туризми байналхалқӣ ва шоҳроҳи муҳимтарини тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиё ва Аврупо табдил меёбад. Мо ба ин боварӣ ва эътимоди комил дорем.

Дӯстони мӯҳтарам!

Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар як шаҳрванд моҳияти давлати миллиро дарк кунад, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ бошад. Тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён самараи хуб доданд.

Тавассути омӯзишу оммавигардонии яке аз давраҳои таърихии давлатдории тоҷикон мо ба ҷаҳониён собит кардем, ки ҳазорсолаҳо муқаддам дар сарзамини таърихии тоҷикон таҷрибаи ҳамзистии осоиштаи мардум падид омада буд.

Сиёсати инсондӯстонаи ин давлат ба инкишофи илму фарҳанг ва ривоҷи меъёрҳои демократӣ мусоидат намуда, роҳи ояндаи чандин кишварҳои ҷаҳонро мунаввар сохтааст.

Ин омилҳо имкон дод, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашаванда ва узви комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи дурустро ба сӯйи тамаддун ва арзишҳои умумибашарӣ пеш гирад.

Мо таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, омилҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии идоракуниро омӯхта, сохти адолатпарвару озодандеш, роҳи ҷомеаи ҳукуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб кардем.

Ба мо зарур буд, ки мутобиқи вазъи сиёсӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ ва психологияи мардум сиёсатеро пеш гирем, ки мамлакатро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дошта, боварии мардумро ба ояндаи нек афзун намояд.

Дар натиҷа тафаккури нави давлатдорӣ вусъат ёфт. Дар шуури мардум эҳсоси қавӣ ва ягонаи ҳамтақдирию ҳамқисматӣ дар муҳити сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол падид омад, ки барои ташаккули ҷавҳари маънавии ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа заминаи устуворе гардид.

Дар ҳамин муддат барои ҳаллу фасли масъалаҳои мухталиф, баргардонидани гурезаҳо, танзими муносибатҳои иҷтимоии шаҳрвандону гурӯҳҳои сиёсӣ, ҳифзи сарҳад ва таъмини амнияти давлат, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, такмилу таҳкими асосҳои қонунгузории мамлакат корҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Парламенти мавҷуда заминаи ҳуқуқии идора кардани давлат ва ҳаллу фасли масъалаҳои муҳиму такдирсози ҷомеаро ба вуҷуд овард.

Дар натиҷа Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он садҳо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки бе муболиға ҳамаи инро инқилоб дар тафаккури давлатдории мардуми тоҷик ҳисобидан мумкин аст.

Соҳиб шудани мардум ба сарнавишти худ имкон дод, ки дар заминаи интихоботи бисёрҳизбӣ ашхоси дар ҳақиқат арзанда, ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат интихоб шаванд.

Маҳз ба шарофати истиқлолият мо дар сарзамини ачдодии худ осудаҳолона зиндагиву меҳнат мекунем.

Дар ин давра дар тафаккури халқи тоҷик дигаргуниҳои дар ҳақиқат инқилобие ба вуҷуд омаданд, ки бо давраҳои таърихии сипаригашта муқоисанашаванда мебошад.

Имрӯз ҳамаи сокинони мамлакат, сарфи назар аз мансубияти милливу эътиқоди динӣ ба ҳамин ақидаанд, ки Тоҷикистон Ватани умумӣ ва ягонаи тамоми шаҳрвандони он мебошад, дӯст доштану амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии онро таъмин кардан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.

Фарҳанги сулҳ пойдевори воқеии ҳалли муқовиматҳо, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо гардид, ки назирашро ягон халку миллат надида буд.

Фарҳанги сулҳ қутбнамои роҳи бунёдкоронаи истиқлолияти миллии мо гардида, ҳамчун падидаи тоза ва ибратомӯзи ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ вусъат мебахшад.

Фарҳанги сулҳ эътибору нуфузи байналмилалии тоҷиконро болотар бурда, пойдории истиқлолияти Тоҷикистонро аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ таъмин менамояд.

Дар оянда низ сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пуштибонии сулҳу ваҳдат, эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ ва ба манфиати бунёди ҷомеаи дунявӣ ва демократӣ истифода кардани дастовардҳои он идома хоҳад ёфт.

Ба ҳамин хотир дар соли ду ҳазору якум ҷашн гирифтани 10-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз аксарияти кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро ба расмият шинохтаанд ва ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангиро бо мамлакати мо равнақ медиҳанд.

Таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон, бахусус ба таҷрибаи он дар бобати ҳаллу фасли муноқишаҳои сиёсӣ меафзояд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судбахш, эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳукуқи байналхалқӣ, мудохила накардан ба сиёсати дохилии давлатҳои дигар нигаронида шудааст.

Истиқлолияти мо як дастоварди воқеии халқи бошарафу заҳматкаши тоҷик буда, ягон кишвар ё давлати абарқудрати хориҷӣ ҳақ надорад, ки низоми сиёсӣ, идеология ва ғаразҳои геополитикиашро ба гардани мо бор кунад.

Роҳи ҷомеаи дунявиро пазируфтану пеш гирифтани Тоҷикистон мақсади субъективии ягон шахс, гурӯҳ ё табақаи иҷтимоӣ набуда, балки тақозои мантиқии раванди таърих аст. Таърих бошад ба хукми касе нест ва чархи онро қафо гардонидан кӯшиши беҳуда аст.

Чунки майлу иродаи халқи ҷумҳурӣ, хоҳишу мароми кулли мардуми мо дар Конститутсияи мамлакат ифода ёфтааст, ки моддаи якуми он асоси сохти давлатро чунин муайян мекунад: "Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократй, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад".

Аз ин лиҳоз Тоҷикистон раванди бебозгашти сулҳу салоҳ, вахдати миллӣ ва якдиливу ҳамқисматии тамоми сокинони мамлакатро идомадода, минбаъдҳам ба арзишҳои маънавие такя мекунад, ки пояҳои ҷомеаи ҳуқукбунёд, демократӣ ва дунявиро таҳким бахшанд.

Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ Россияро ҳамчун шарики боэътимод пазируфта, аз оғози истиклолият дар ин масъала мавқеи устувор ва принсипиалӣ дошт.

Дар айни ҳол мо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сатҳи муносибатҳоро баланд бардошта, равобити судбахшро густариш медиҳем.

Алалхусус муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбекро дар ин рӯзҳои ҳассосу такдирсоз бояд чун мероси пурарзиши ин ду халқи ботадбир ҳифз намуда, онро ба пояҳои боз ҳам баландтар расонем.

Дар айни ҳол бояд гуфт, ки ҷанги тӯлонии Афғонистон ба сулҳу осоиш, амнияти миллӣ ва истиқлолияти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми мамлакатҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ хатари бештар пайдо мекунад.

Имрӯз Афғонистон ба бузургтарин минтақаи истеҳсолу интиқоли маводи нашъадор, қочоқи силоҳ, терроризм ва экстремизми динӣ табдил ёфтааст.

Пеши роҳи оташи ин ҷанги харобиоварро маҳз бо ҳамкорию дастгирии муштараки ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои манфиатдор ва нерӯҳои сулҳпарвар метавон гирифт.

Масъалаи Афғонистон имрӯз ба масъалаи ҳалталаби тамоми дунё табдил ёфтааст ва он роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Инро ман дар вохӯрии Сарони Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Форуми Шанхай бори дигар таъкид кардам ва хоҳиш намудам, ки ба ҳаллу фасли мусолиҳатомези ин масъала ҳарчи зудтар рӯ оваранд.

Ба шарофати истиқлолият имрӯз пойтахти Тоҷикистон ба маркази муҳими мулоқоту машварати Сарони давлатҳо ва созмонҳои иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ташрифи роҳбарони давлатҳои Федератсияи Россия, Беларус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Хитой, Эрон, Туркия, Афғонистон ба Тоҷикистон нишонаи он аст, ки эътибору нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ устувору поянда мегардад.

Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардида, фарҷоми неки раванди сулҳ ба демократикунонии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодию фарҳангии мамлакат такони тоза бахшид.

Дар айни замон таърихи навини халқи тоҷик як нуктаи ҳаётан муҳимро собит намуд: истиқлолият ва якпорчагии ҳар як давлат дар сурате пойдор хоҳад монд, ки дар саросари кишвар сулху амонӣ ва волоияти қонун ҳукмфармо бошад.

Бинобар ин мо тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон ҳаргиз халалдор нагардад ва ба хотири пос доштани истиқлолияти миллӣ дар миёни нерӯҳои гуногуни сиёсӣ фазои якдигарфаҳмӣ таъмин бошад.

Соли оянда мо як давраи томи таърихи давлатдории худ — 10 солагии истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Албатта, даҳ сол дар назди таърих як лаҳза аст. Вале барои мо, тоҷикон, ин даҳсол қимати чандин асрро дорад.

Зеро ин солҳо барои халқи кӯҳанбунёди мо давраи муборизаву талошҳо, ҷустуҷӯю бозёфтҳо, санҷишу имтиҳони ҷиддӣ дар пеши таърих ва аҳли башар буданд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки мо аз ин имтиҳон бо сарбаландӣ гузаштем.

Давлатдории миллии мо баъд аз ҳазор сол маҳз дар ҳамин давра эҳё гардид, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дохил шуд ва дар роҳи инкишофи демократия ва таҳкими истиқлолият, тараққиёти иқтисодӣ ва бозёфтҳои фарҳангӣ қадами устувор ниҳод.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати нӯҳсолагии истиқлолияти мамлакат самимона табрик гуфта, бароятон хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Бигузор истиқлолият ифтихори доимии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад!

Саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520