Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид

17.02.2000 19:00, Дания

Ҷаноби мӯҳтарам раис!
Ҷаноби мӯҳтарам Муншии умумӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Лутфан иҷозат диҳед пеш аз ҳама ба ҳукумати Швейтсария барои меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён кунам. Бовар дорам шароити хубе, ки барои гузаронидани иҷлосия фароҳам оварда шудааст, ба кори самарабахши мо кӯмак мерасонад.

Бешубҳа, чунин ҷамъомадҳо ба мо имконияти беназир муҳайё мекунанд, ки масъалаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиро дар шароити имрӯза ҳамчун масъалаҳои тамоми ҷаҳон бори дигар дарк намоем, ҷидду ҷаҳд ва тадбирҳоямонро роҷеъ ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди босуботи иҷтимоӣ, дар оғози ҳазорсолаи нав муайян ва ҳамоҳанг созем. Иҷлосия, бешубҳа, дар роҳи дарки масъалаҳои соҳаи тараққиёти ҳамаҷонибаю созгоронаи инсоният, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳон доранд, барҳамдодани қашшоқӣ, ҳифзи муҳити зист, вазъи зиндагии занон, маориф, ҳифзи сиҳатии омма рӯйдоди муҳим гардида, барои таъмини роҳҳои ҳалли онҳо таъсири муҳим мерасонад. Аҳамияти иҷлосия дар он ҳам ифода меёбад, ки дар вазъияти нави байналхалқӣ, яъне марҳилаи умумӣ шудани масъалаҳои рушди иҷтимоӣ баргузор мешавад.

Ҳоло ҷараёни ҳамгироии дар ҷаҳон вусъатёбанда ба умумӣ гардидани масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва тақвияти вобастагии мутақобилаи иқтисодии давлатҳо мусоидат менамояд. Ин ҷараён ҳамзамон ба мамлакатҳо ва давлатҳои таракқиёбандаи дар давраи гузариш қарордошта таъсири манфӣ низ мерасонад. Зеро корхонаҳои онҳо дар муборизаи рақобатнок баробар иштирок карда наметавонанд, тамоюли истеҳсоли ашёи хом дар ин мамлакатҳо пурзӯр гашта, қарзи берунии онҳо меафзояд.

Суръати баланди хусусигардонӣ ба халалдор шудани пешрафти соҳаи иҷтимоӣ дар давраҳои аввали он таҳдид менамояд. Бинобар ин ба ақидаи мо дар ҷараёни ин зуҳурот бояд сиёсати мақсадноку дурандешонаи иҷтимоӣ чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи байналхалқӣ муқаррар карда шавад.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Мо айни ҳол дар Тоҷикистон ҳадафи асосиамон — истиқрори сулҳ ва созгории миллиро ба даст овардем. Инчунин барои бунёди ҷомеаи демократӣ, таъмини вазъияти босуботи сиёсӣ ва иттиҳоди иҷтимоии мардум силсилаи тадбирҳои муҳими сиёсӣ амалӣ шуданд. Иҷрои вазифаҳои дар мулоқоти Копенгаген ба миён гузошташуда бо дарназардошти манфиатҳои тараққиёти иҷтимоӣ барои Тоҷикистони соҳибихтиёр мисли давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Балтика ва мамлакатҳои узви ИДМ давраи нисбатан тӯлониро талаб менамояд. Сабаби асосиӣ ин гузариш аз хоҷагии марказонидашудаи дар асоси план тараққиёбанда ба иқтисоди бозаргонӣ мебошад.

Бо қаноатмандӣ қайд карданиам, ки Ҳукумат аз моҳи июни соли 1998 сар карда, Барномаи миёнамӯҳлати иқтисодиро барои солҳои 1998-2001 бомуваффақият амалӣ месозад. Ин барномаро Хазинаи байналхалқии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва муассисаҳои дигари мӯътабари байналхалқии молиявию кредитӣ дастгирӣ карда буданд. Ҳадафи асосии ин барнома беҳтар намудани шароити зиндагии одамон, ҳалли масъалаҳои дигари таъхирнопазир, аз ҷумла маҳдуд намудани камбағалӣ, кам кардани бекорӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ, расондани кӯмаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ, инчунин сафарбар намудани маблағҳои иловагии хориҷӣ барои тараққиёти иҷтимоӣ, аз ҷумла тағйир додани соҳаи хароҷоти буҷет бо мақсади истифодаи бештари он барои тараққиёти соҳаи иҷтимоӣ мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати беҳтар сохтани вазъи соҳаҳои асосии иқтисодиёт комёбиҳои муайян ба даст омаданд. Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ баъди соли 1997 қариб панҷ фоиз афзуд. Ҳаҷми истеҳсоли мол қариб дар ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ меафзояд. Бо вуҷуди ин мубориза ба муқобили камбағалӣ яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумати мост.

Душвориҳои давраи гузариш, оқибати ҷанг, бӯҳрони иқтисодӣ, муҳоҷират ва омилҳои дигар ба вусъат ёфтани камбағалӣ дар мамлакати мо мусоидат карданд. Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ 80 фоизи аҳолии мамлакат даромади ночиз мегирад. Мо дар доираи иҷрои қарорҳои мулоқоти Копенгаген дар бораи нақшаҳои дурнамои кам кардани камбағалӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон то соли 2003 нақшаи пешакиро тартиб додаем. Мо ба хубӣ мефаҳмем, ки масъалаи қашшоқӣ доманадор аст ва онро якҷоя, бо роҳи истифодаи сармоя ба манфиати инсон, гузоштани маблағ барои зиёд намудани истеҳсоли мол, расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд намудани хароҷоти буҷети давлат барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти асосии иҷтимоӣ, ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ва барҳам додани нобаробарҳуқуқии занон ҳал кардан мумкин аст.

Дар мамлакати мо мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ силсилаи ҳуҷҷатҳое қабул шудаанд, ки мақсади онҳо расондани кӯмак ба нафақахӯрон ва ҳимояи гурӯҳҳои мӯҳтоҷи аҳолӣ аз таъсири оқибати ногувори иҷтимоии давраи гузариш мебошад. Ман ин ҷо нақши сиёсати миллиро дар соҳаи беҳтар сохтани шароити зиндагии занон махсус қайд карданиам. Бояд гуфт, ки 51 фоизи аҳолии шашмиллионнафараи мамлакати мо занон мебошанд. Масъалаи барҳам додани нобаробарҳуқуқии занон, ки шарти муҳими ташаккули босуботи инсон мебошад, дар мамлакати мо аҳамияти махсус пайдо кардааст. Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва оқибатҳои вазнини бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ ба иштироки ҳамаҷонибаи занон дар тараққиёти ҷомеа ва баҳравар гардидани онҳо аз хизматҳои иҷтимоӣ монеъ шуда, инчунин сабаби афзоиши бекорӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар байни занон гардиданд. Ҳоло "Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати беҳтар намудани шароити зиндагии занон дар давраи солҳои 1998-2005", барномаи "Иштироки занон дар иҷрои барномаи давлатии ислоҳоти соҳаи маориф" ва Фармони Президенти ҷумҳурӣ "Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" амалӣ мешаванд, ки мақсади онҳо бештар намудани саҳми занон ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷомеа аст.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Тараққиёти босуботи иқтисодӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаро ба таъмини аҳолӣ бо кор ва ба назар гирифтани омили инсониро ҳамчун ҷузъи аввалиндараҷаи ҷараёни ташаккули ҷомеа талаб менамояд. Душвориҳои давраи гузариш, оқибатҳои ҷанги дохилӣ ва вазъияти ногувори иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳдуди буҷети давлат сабаби дар мамлакат афзудани шумораи бекорон гардид. Теъдоди онҳо, хусусан, дар байни ҷавонон ва дар баъзе минтақаҳои алоҳида дар байни занон хеле зиёд аст.

Бо вуҷуди ин Ҳукумат барои бо кор таъмин намудани аҳолии мамлакат ва пешгирии бекорӣ, хусусан дар деҳот силсилаи тадбирҳои самарабахш андешид. Аз ҷумла 75 ҳазор гектар замин барои истифодаи доимӣ ва бунёди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар байни аҳолӣ тақсим карда, барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ тартиб дода шуд. Мо ба масъалаҳои ташаккули маориф ҳамчун воситаи асосии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат диққати калон медиҳем.

Дар баъзе қонунҳо ва Барномаи миёнамӯҳлати иқтисодии барои солҳои 1998-2001 қабулгардида ба масъалаҳои ба манфиати ҷомеа сафарбар намудани маориф, демократӣ сохтан, ташаккул ва ислоҳоти соҳаи маориф мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.

Ҷаноби мӯҳтарам раис!

Дуруст аст, ки масъалаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои иҷтимоии онро асосан худи халқи тоҷик ҳал хоҳад кард. Бо вуҷуди ин дар шароити ба масъалаи умумӣ табдил ёфтани низоми сиёсию иқтисодии мамлакат ва барқарор сохтани хоҷагии халқи он дар давраи баъди ҷанг мо ба кӯмаку дастгирии мамлакатҳои ҷаҳон умед баста метавонем. Вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакати мо аз он сабаб ҳам душвортар гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон фалокатҳои сершумори табиӣ рух доданд. Имсол дар натиҷаи камобии бардавом қисми зиёди ҳосили зироат ва хусусан гандум нобуд шуд. Умедворем, ки мамлакатҳои асосии истеҳсолкунандаи ғалла ва созмонҳои байналхалқӣ муроҷиати моро дар бобати расондани кӯмаки башардӯстона вобаста ба хушксолӣ беҷавоб нахоҳанд монд. Инчунин умедворем, ки қатъномаи иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи генералии СММ дар бораи расондани кӯмаки байналхалқӣ ба Тоҷикистон барои барқарор сохтани хоҷагии халқи мамлакат дар давраи баъди ҷанг иҷро карда мешавад ва он мисли ваъдаҳои пешинаи дар ҷараёни мулоқотҳои байналхалқии иқтисодии солҳои охир дар Токио, Вена ва Париж бахшида ба Тоҷикистон додашуда дар рӯи қоғаз намемонад.

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!

Нақшаҳои дурнамои барқарор сохтани иқтисоди миллӣ пеш аз ҳама барқарор намудани хоҷагии халқ, боз гардонидани гурезаҳо ва ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани аскарону афсарони собиқ ва аз ҳама муҳимаш тараққиёти босуботи ҷомеаро дар бар мегирад. Мо ҳамроҳи созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии кор, раёсати гурезаҳои СММ ва ғайра дар бобати барқарор сохтани соҳаи иҷтимоӣ дар давраи баъди ҷанг, бо кор таъмин намудани аскарону афсарони аз хизмати ҳарбӣ ҷавобшуда ва аъзои оилаи онҳо, ба ҳаёти ҷомеа ҷалб кардани гурезаҳо, кам кардани камбағалӣ ва дастгирии сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ силсилаи барномаҳо таҳия намудем. Мо барои иҷрои вазифаҳо ва нақшаҳои муҳимтарини муқаррар намудаамон ба кӯмаку дастгирии мамлакатҳои сармоягузор ва созмонҳои байналхалқӣ умед хоҳем баст.

Умед аст, ки барои ба даст овардани ҳадафҳои асосии мулоқоти Копенгаген дар бобати барҳам додани камбағалӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва муайян кардани роҳҳои равнақу ривоҷи ҳамкории байналхалқӣ бо мақсади таъмини тараққиёти босуботи башарият дар асри XXI тадбирҳои муассир андешида метавонем.

Ба таваҷҷӯҳатон ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520