Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ

02.09.2015 09:29, Чин

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти ширкати технологии “Хуавей” хонум Лин Жуйтсӣ бошад, масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия бо ин ширкати пешрафтаи чинӣ баррасӣ шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Хуавей бузургтарин ширкати чинӣ дар ин соҳа буда, зиёда аз 100 намояндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ дорад. Бо Тоҷикистон ҳамкории ин ширкат аз соли 2009 оғоз ёфта, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Ғайр аз ин ширкати Хуавей дар Тоҷикистон бо воридот, сохтан ва насби шабакаҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, стансияҳои рӯизаминӣ, радиомодемҳо) ва ғайра машғул аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинобар воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориҳоро дар ин самт ва ҳамчунин омода кардани мутахассисони тоҷикро барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуд.

Роҳбарияти ширкати Хуавей иттилоъ доданд, ки омодаанд дар Чин даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони тоҷикро барои омӯзиш фаро гиранд.

Зимни суҳбат инчунин паҳлуҳои гуногуни идома ва густариш додани ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ муҳокима гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520