Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2015 13:08, шаҳри Душанбе

Дар робита ба ҷашни умумихалқӣ-24-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияҳо ва паёмҳои табрикотӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятии як қатор кишварҳо ворид гашта истодаанд.

Дар паёми худ ба Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи қайд мекунад:

“Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи шахсии худ, шарафёбам Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро ба муносибати 24-ум солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон, табрик намоям.

Ҳиндустону Тоҷикистон аз ибтидо муносибатҳои зич ва дӯстона доштанд. Ин ду кишвар муносибатҳои устуворро дар асоси таърихи бо ҳам пайвастаамон ва биниши васеи сулҳу субот дар минтақаи умумӣ, рушд дода истодаанд.

Ташрифи давлатии Сарвазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 хоҳиши Ҳиндустонро барои рушд додани шарикии стратегии худ бо Тоҷикистон инъикос намуд. Татбиқи қарорҳо дар давоми ташрифи мазкур як руҳияи тозаро барои муносибатҳоямон бахшидаанд ва имкониятҳои навро барои ҳамкории минбаъда ба манфиати мардуми ду кишвар, пеш оварданд.

Ба муносибати ин ҷашни муборак, ман ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ, бурдбориҳо ва сулҳу суботро ба мардуми Тоҷикистон таманно менамоям.

Фурсати мазкурро ҷиҳати изҳори эҳтироми худро нисбати Шумо Ҷаноби Олӣ, ганимат медонам”.

Аз ҷумла дар барқияи Императори Япония Акихито гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудии беандоза ба Шумо Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол дошта, ба Шумо хушбахтӣ ва ба халқи кишвари Шумо шукуфоӣ таманно дорам”.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта шудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,

Шумо ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣ-Рӯзи истиқлолияти давлатӣ аз самими қалб табрик менамоям.

Сиёсати ҷоринамудаи Шумо, ки ба самти таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон равона шудааст, натиҷаҳои назаррас ва ҷонибдории шаҳрвандонро нишон медиҳад. Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Белорус ва Тоҷикистон, ки дар заминаи эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои кишварҳоямон густариш меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, дар татбиқи тамоми иқдомҳо хушбахтӣ, саломатӣ ва бурдборӣ орзу намуда, ба халқи Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Шоҳи Шоҳигарии Арабистони Судӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд навишта шудааст:

“Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худованд ҳифзатон кунад

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон аз номи миллат ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам”.

Дар барқияи табрикотии худ ба Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон Амири Давлати Кувайт Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст

Бо арзи дуруду паём...

Бо камоли хурсандй Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати солгарди Ҷашни Истиқлоли кишваратон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо сиҳҳатмандиву хушбахтй ва ба мардуми дӯсти тоҷик пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзумандам.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб барои идомаи робитаҳои ҳамкории дӯстона байни ду кишвар ва мардуми бо ҳам дӯст изҳор ҳавасмандй менамоем.

Ҷаноби Олӣ, сипоси самимии моро бипазиред”.

Дар паёми худ ба Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев қайд менамояд:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Тоҷикистон-Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Озарбойҷону Тоҷикистонро муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ ва ҳамкории бисёрҷониба ба ҳам мепайванданд. Мутмаинам, ки бо шарофати кӯшишҳои якҷои мо муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Озарбойҷону Тоҷикистон минбаъд ҳам устувортар гардида, ба манфиати халқҳои мо,  ба хотири шукуфоии кишварҳоямон муттасил рушд мекунанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович саломатии бардавом, хушбахтӣ, муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу бурдбориҳо таманно дорам”.

Дар паёми шодбошии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов зикр шудааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Боиси сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати ҷашни миллии кишваратон - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Мутмаинам, ки сатҳи баланди ҳамкориву ҳусни тафоҳум, ки миёни ду кишвари бо ҳам дӯст ба роҳ монда шудааст, барои тавсеаву таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон ва барои некуаҳволии мардумонамон бунёди мустаҳкам хоҳад буд.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, бо истифода аз  фурсати муносиб, ба Шумо саломатии қавӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳоро таманно дорам. Лутфан табрикоти самимии маро бо беҳтарин таманниёти сулҳу рифоҳат ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон бирасонед”.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар паёми худ гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Мутмаинам, ки риштаҳои дӯстии бисёрасра ва муносиботи анъанавии ҳамсоягӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати мардуми кишварҳои мо таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, дар фаъолияти давлатиатон бурдбориву муваффақиятҳо ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.”

Паёмҳои шодбошӣ ҳамчунин ворид шуданд аз:

Президенти Ҷумҳурии Чехия – Милош Земан,

Сарвазири Давлати Исроил – Бинямин Нетаняху,

Президенти Конфедератсияи Швейтсария – Симонетты Соммаруга,

Президенти Ҷумҳурии мардумии демократии Алҷазоир – Абдулазиз Бутафлиқа,

Сарвари иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – доктор Абдулло Абдулло,

Шоҳзодаи ворис, муовини аввали раиси Шӯрои вазирон ва вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ - Муҳаммад ибни Ноиф ибни Абдулазиз Оли Сауд,

Котиби кулли Хартияи энергетикӣ – Урбан Руснак,

Узви Парлумони Аврупо, Раиси гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон – Херберт Дорфманн,

Сарвари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ва дигарон.

Воридшавии номаҳо ва барқияҳои табрикотӣ ба Сарвари давлат идома дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520